Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Чарми Данғара”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ифтитоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Чарми Данғара”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Корхонаи воҳиди давлатии “Чарми Данғара”-ро, ки аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, ифтитоҳ карданд.


Корхона дар доираи татбиқи амалии ҳадафҳои асосии стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар асоси супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан дар деҳоти кишвар дар масоҳати 5 гектар сохта шудааст.

Иншооти мазкур аз коргоҳҳои дӯзандагӣ, коркарди пашм, пуст, истеҳсоли пашм, пойафзол, тагчарм ва дегхона иборат мебошад.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ 48 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот, ки барои дӯхти сару либоси занонаву мардона, либосҳои ҳарбӣ ва кулоҳҳои зимистона пешбинӣ гардидааст, насб шуда, дар ин ҷо 45 нафар занони хонанишин ба кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар сехи дӯзандагӣ дар як рӯз 150 то 200 дона кулоҳ ва то 80 дона камуфляжи тобистона истеҳсол карда мешавад.

Дар корхона истеҳсоли пойафзол низ ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизоти истеҳсоли пойафзол аз Ҷумҳурии Туркия ворид гардидааст, ки дар як гардиш 36 ҷуфт истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 25 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳ асосан пойафзоли чармӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст, истеҳсол мегардад. Вобаста ба талабот, кормандони коргоҳ пойафзолро барои наврасону калонсолон ва низомиён низ пешниҳод мекунанд.


Дар сехи коркарди ашёи хоми чарм дастгоҳи истеҳсоли тагчарм насб гардида, дар 4 дақиқа 36 адад ва дар 8 соати корӣ 4320 тагчарм истеҳсол мекунад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи “Чарми Данғара” 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ ва маош шуда, масъалаи таъминот бо сару либос, рахти хоб ва пойафзол низ беҳтар мегардад.

http://www.president.tj/node/28592

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода