Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дод


Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дод



Имрӯз, 7 июн, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом доданд.

Нахуст, раиси вилоят аз раванди сохтмони бинои коллеҷи аграрӣ дар Ҷамоати деҳоти "Рӯдакӣ"-и ноҳияи Вахш дидан намуданд.

Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 48 милиону 912 ҳазор сомонӣ сохта мешавад.


Коллеҷ аз чанд бинои 4 ва 5-қабата, сохта шуда, барои се ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Инчунин дар ин ҷо хобгоҳ барои 1200 хонанда ва бинои хобгоҳи омӯзгорон бо 60 манзили истиқоматӣ бунёд меёбад. 


Мақсад аз бунёди Коллеҷи аграрӣ таъмини соҳаи кишоварзӣ бо мутахассисони касбӣ буда, синфхона, хобгоҳ, ошхона бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. 


Масоҳати замин барои сохтмон қариб 8 гектарро ташкил дода, харҷномаи умумии лоиҳа 149 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.


РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода