Боздиди раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз Маркази логистикӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 625
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни сафари кориаш дар ноҳияи Вахш аз рафти сохтмони Маркази логистикӣ дидан намуд.
Ин марказ аз тарафи соҳибкор Саидов Абдухолиқ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рақобатпазирии агробизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҶДММ “Восток-1”-и ноҳияи Вахш ба маблағи 248 ҳазору 584 доллари америкоӣ бунёд мегардад. 50%-и маблағи сохтмонро соҳибкор сармоягузорӣ кардааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ин мавзеъ бунёди ду сардхона бо имконияти қабул намудани то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст.
Дар марказ дар як сол банду басти то 360 тонна мева ва сабзавот ба роҳ монда шуда, дар аввал то 20 ҷойи кории доимӣ ва дар мавсим то 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Айни ҳол таҷҳизот пурра ворид ва насб карда шудаанд. Таҷҳизотҳо барои хушк кардани меваю сабзавот, банду басти меваю сабзавот ва маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷҳизоти дигар барои ба андоза (калибровка) ҷудо намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва як адад автомошинаи автокара (борбардор) дастрас карда шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Раиси вилоят ба соҳибкори маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҳамкор барои сифати матлуби корҳои сохтмонӣ миннатдорӣ баён карда, барои ободонии саҳну атрофи бино тавсияҳо доданд.
РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"