Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 755
Дар муассисаи таълимии №9-и шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон намоиш ва муаррифии лоиҳаи соҳаи маориф оид ба таъминот бо лавозимоти дарсӣ доир гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбарият ва масъулони лоиҳаҳои шарикони рушд ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Тибқи иттилои масъулин, 30 муассисаи таълимии вилояти Хатлон, 12 муассиса аз минтақаи Бохтар ва 18 муассиса аз минтақаи Кӯлоб фарогири лоиҳа мебошанд.
Ба ин муассисаҳои таълимӣ дар асоси барномаи пешбинишуда телевизор, проектор, компютер, микраскоп, плакатҳо, ҷевонҳо, тахтаи синфӣ ва тахтаи сайёр, ноутбук, планшет, китобҳои дарсӣ ва дигар ҷиҳози хониш таъмин карда мешавад.
Гуфта шуд, ки таъминоти ҷиҳози хониш дар беҳшавии сифати таълим мусоидат хоҳад кард. Зеро дар раванди таълим аз лавозимоти муосир истифода кардан мувофиқи матлаб мебошад.
С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”