Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 46 медал шуданд


Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 46 медал шуданд



Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, сарпарасони соҳа, аъзои Шӯрои рӯшди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, директорони муассисаҳои давлатии варзиши шаҳру ноҳияҳо ва варзишгарони фаъоли вилоят иштирок намуданд.

Қурбон Қурбонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, зимни ҳисоботи худ қайд кард, ки дар доираи таҷлили бошукуҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони эҳсонкор 534 иншооти соҳаи варзиш, аз ҷумла 127 толори варзишӣ, 342 майдончаи варзишӣ, 65 майдончаи бозии кӯдакона мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки аз ҷониби наврасону ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

Дар 5 моҳи соли равон як қатор майдончаҳои варзишӣ ва толор, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва Левакант 2-ададӣ, М. С. Ҳамадонӣ, Восеъ, Муъминобод ва Қубодиён якададӣ майдончаҳои варзишӣ бо саҳмгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон сохта ба истифода дода шуданд.

Аз ҷониби бахшҳои кор бо ҷавонон ва мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо то имрӯз 1017 мусобиқаи варзишӣ бо иштироки 65080 нафар, аз ин шумора 8543 нафар бонувон, баргузор гардид. Дар ин давра мусобиқаҳои варзишӣ бо усули деҳа ба деҳа аз рӯйи намудҳои волейбол ва гӯштини миллӣ байни ҷавонони деҳаҳо, шаҳрак ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят 2053 мусобиқа гузаронида шуда, 71855 нафар фаро гирифта шуд.

Қайд гардид, ки варзишгарони вилоят дар ин давра дар 29 мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, 262 медали тилло, 248 медали нуқра ва 306 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 816 медал ба даст оварданд. Инчунин варзишгарони вилоят дар 6 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 14 медали тилло, 11 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 46 медал шуданд. Дар умум варзишгарони вилоят 276 медали тилло, 259 медали нуқра, 327 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 862 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141 медал зиёд мебошад.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдухолиқ Мусозода, муовини раиси ноҳияи Восеъ Бибинисо 
Гулмуродзода вобаста ба фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ гузориш доданд.

Муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ зикр кард, ки варзиш гарави саломатӣ, солимии ҷомеа ва барои барҳам задани ҷинояткорӣ воситаи таъсиррасон маҳсуб меёбад. “Масъулинро зарур аст, ки мусобиқаҳои варзиширо аз рӯи намудҳои маъмулии варзиш, бахусус футбол, шашкаю шоҳмот, волейбол, тенниси рӯи миз миёни тамоми қишрҳои ҷомеа махсусан дар деҳаю кӯчаҳо бештар намуда, теъдоди иштирокчиёнро ба маротиб афзоиш диҳанд”, - таъкид намуд Ф. Шарифӣ.

Сипас, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи варзиш, таҳияи нақшаи мусобиқаҳои гуногун байни сокинони деҳаву маҳаллаҳо ва омода намудани варзишгарони касбӣ ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ масъалагузорӣ намуда, ба масъулини соҳа дастуру супориш дод.

Дар охир нақшаи кори Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои нимаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода