МУСТАҲКАМШАВИИ ҲАМКОРӢ БО ШАРИКОНИ РУШД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 824
Дар муассисаи таълимии рақами 9-и шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи қуқуқи кӯдакон намоиш ва муаррифии лоиҳаи самти соҳаи маориф оид ба таъминот бо лавозимоти дарсӣ доир гардид. Дар он муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбарият ва масъулони лоиҳаҳои шарикони рушд ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Тибқи иттилои масъулин 30 муассисаи таълимии вилояти Хатлон,ки 12 муассиса аз минтақаи Бохтар ва 18 муассиса аз минтақаи Кӯлоб фарогирӣ лоиҳа мебошанд.
Ба ин муассисаҳои таълимӣ дар асоси барномаи пешбинишуда телевизор, проектор, компютер, микраскоп, плакатҳо, ҷавонҳо, тахтаи синфӣ ва тахтаи саейр, ноутбук, планшет, китобҳои дарсӣ ва дигар ҷиҳози хониш таъмин карда мешавад. Гуфта шуд,ки таъминоти ҷиҳози хониш дар беҳшавии сифати таълим мусоидат хоҳад кард. Зеро дар раванди таълим аз лавозимоти лозима мувофиқи матлаб истифода карда мешавад.
С.АЗИЗЗОДА