Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 761
Дар доираи сафари кории Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки 26 май сурат гирифт, дар ин ноҳия майдончаи варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ин маросим, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони ободгари ноҳия бунёд ёфтааст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода иштирок намуданд.
Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ шуда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони ҳозира бунёд шудааст. Истиқоматкунандагони деҳа иброз намуданд, ки то имрӯз дар ин мавзеъ чунин варзишгоҳи замонавӣ мавҷуд набуд ва барои бунёд намудани майдончаи варзишӣ ба Пешвои миллат ва соҳибкорони ватанӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз шароити муҳайёгардидаи майдончаи варзишӣ дидан намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва сохта ба истифода додани майдончаи варзиширо барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва обутоби бадан муҳимму манфиатдор унвон карданд. Ҳамакнун наврасону ҷавонон имкон пайдо намуданд, ки вақти холии худро самаранок истифода бурда, бештар ба варзиш машғул шаванд.
Қайд гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ташаккули тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ духтарон низ ба намуди рушдкардаи варзиш, яъне футбол, шавқу ҳаваси зиёд дошта, акнун дар майдончаи нави варзишӣ тамрин менамоянд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...