ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 989
Субҳи имрӯз, 23 майи соли 2022 дар Кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони фаъоли вилоят чорабинии идона баргузор гардид.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ин рӯз аҳли толорро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, барои онҳо пеш аз ҳама сарфарозию комгорӣ, хониши хубу аъло ва дастовардҳои беназирро таманно намуд.
Гуфта шуд, ки ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибони аз сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.
- Яке аз иқдомҳои ҳавасмандии дигар дар самти рушди илм ва дастгирии ҷавонон ҳамасола, муқаррар намудани стипендияҳои номии раиси вилояти Хатлон ба 120 нафар олимону устодони варзида ва донишҷӯёну хонандагони аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҳудуди вилоят, ки дар маҷмуъ 252 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, стипендияҳои номии раиси вилояти Хатлон ба 70 нафар хонандагони аълохону эҷодкор ва навовари муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар маҷмуъ 168 ҳазор сомониро дарбар мегирад, роҳандозӣ карда мешавад, ки ин ташаббус баҳри тарбия ва дастгирии табақаи фаъоли ҷомеа равона гардидааст,-изҳор дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Инчунин, раиси вилоят дар чорабинии имрӯза масъалаи ҷой доштани чанд мушкилот дар самти ҷавононро мавриди таҳлил қарор дода, ба масъулин ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва дастгирӣ намудани ин қишри ҷомеа дастуру супоришҳо дод.
Пас аз суханронии раиси вилоят, ҷавонони фаъоли вилоят барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, саҳми арзанда гузоштан дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон, нишон додани ибрати шахсӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ ба роҳ монда, табъи ҳозиринро болида гардонд.