Осорхона муаррифгари фарҳангу тамаддун аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 031
Дар осорхонаи вилоятии таъриху кишваршиносии “Авасто” бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҳти унвони “Осорхона - оинаи таърих” ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир гардид.
Фирӯза Шарифӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо табрик намуда, аз аҳамият ва нақши осорхонаҳо дар ҳаёти ҷомеа сухан гуфт ва хонандагону донишҷӯёнро ба омӯзишу таҳқиқи таъриху фарҳанги ниёгон ташвиқ намуд.
Қайд гардид, ки осорхона муассисаи иҷтимоию фарҳангиест, ки ёдгориҳои санъат, таърих, илм, техника ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсонро ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва нигоҳ медорад. Ғайр аз ин, ин муассиса ба корҳои таълимӣ машғул буда, барои тамошои мардум гӯшаи нигораҳои диданбоб омода мекунад. Осорхона аз коллексияҳои хусусии санъат, ашё ва нигораҳои нодир сарчашма мегирад, ки ҳамаи онҳо ҳамеша афзалияти таваҷҷуҳи фарҳангии як давраи мушах хасро инъикос менамоянд.
- Ҳамчун муассисаи илмӣ-фарҳангӣ фаъолияти осорхона вижагиҳои худро дошта, ба донишомӯзӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, зебоипарастӣ, муаррифии таъриху фарҳанги халқу миллат ба ҷаҳониён, гиромидошти арзишҳои миллӣ, арҷгузории фарҳанги бостонӣ ва тарбияи маънавии тамошобинон равона шудааст, - афзуд Ф. Шарифӣ. - Хосияти дигари осорхона - тарбияи маънавии тамошобин аст, ки ин амал ба воситаи баргузории экскурсияҳо, намоишҳо, вохӯриҳо, конфронсҳо, нашри маводи илмӣ-таърихӣ, таблиғи забон ва либоси миллӣ сурат мегирад.
Дар ҳошияи ин ҳамоиш намоишгоҳи асарҳои рассомони машҳури вилоят ва ҷумҳурӣ ороста шуд, ки инъикосгари ғановати фарҳангии мардуми тоҷик буд.
Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...