Хизматчиёни давлатӣ неруи таҳкимбахши давлатдорӣ мебошанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 845
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти мамлакат Ҷумъа Давлатов, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳал ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти мамлакат, раисони шаҳру ноҳияҳои Левакант, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Кӯшониён, роҳбарони дастгоҳҳои раисони шаҳру навоҳӣ, масъулони хадамотҳои кадрии мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.
Гурез Қосимзода, муовинякуми директори Агентӣ, гузориши муфассалро оид ба санҷиши анҷомдодаи масъулини Агентӣ вобаста ба таҳлили иҷроиш ва татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ ироа кард.
Зикр шуд, ки хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд.
Дар қисмати музокираи ҷаласа муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад ва раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ суханронӣ намуда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта, ки дар рафти санҷиш маълум гардиданд ва ҷиҳати ҳалли онҳо таклифҳои мушаххас манзур намуданд.
Гуфта шуд, ки сатҳу сифати идоракунии давлатӣ ба донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносиву ташаббускорӣ ва сифатҳои касбиву кордонии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, қабл аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст.
- Роҳбари давлат такмили низоми идоракунии давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифатро самти муҳими ислоҳоти иқтисодӣ ҳисобидаанд, - қайд кард муовини якуми раиси вилоят А. Салимзода. - Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад.
Аз натиҷаи ҷаласаи сайёри ҳайати мушовара бо дарназардошти таклифҳо ва пешниҳодҳо қарор қабул гардид.
Н. Маъмурзода , “Хатлон”