Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кишоварзони Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат фаъоланд


Кишоварзони Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат фаъоланд



Дирӯз, 19 май, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ситоди вилоятӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, муовинони раиси вилоят, роҳбарони бахши кишоварзии вилоят ва раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни ифтитоҳи кори ситод қайд намуд, ки кишоварзони вилоят бобати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 24 феврали соли 2022 дар машварати корӣ бо фаъолони вилоят баён доштанд, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла кишти саривақтии зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, истифодаи самараноки обу замин, гузаронидани кишти пахта ва картошка, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, баҳисобгирии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, таъмини саривақтии киштзорҳо бо оби полезӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва истифодаи пурсамари замин диққати махсус зоҳир намуда истодаанд. 

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои мазкур нақшаи чорабиниҳои сохторҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иборат аз 60 банд қабул гардидааст. Фаъолияти олимону кишоварзони вилоят низ барои аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду, балки се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ равона гардидааст. Пасон, гузориши муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода шунида шуд. Қайд гардид, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ин давра ба 1 миллиарду 510,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,8 фоизро ташкил намуд.

Бо мақсади замина гузоштан барои фаровонҳосилӣ ва таъмин намудани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар майдони 108697 гектар кишти тирамоҳии ғалладона барои дон гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1665 гектар зиёд буда, дурнамои кишти тирамоҳӣ 111,5 фоиз таъмин карда шуд.

Соли ҷорӣ бошад, якҷоя бо кишти тирамоҳӣ дар майдони 130085 гектар ғалладонагиҳо, аз ҷумла 114647 гектар гандум, кишт карда шуда, дурнамои кишти ғалладонагӣ 104,3 фоиз, аз ҷумла гандум 105,9 фоиз таъмин гардид.

Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят, ба ҳолати 18 майи соли ҷорӣ, дар майдони 121214 гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки 9596 гектари онро кишти зери плёнка ташкил менамояд.

А. Салимзода, ҳамчунин иттилоъ дод, ки кишоварзони вилоят дар ин давра дар майдони 19984 гектар сабзавот, аз ҷумла 9227 гектар кишти пиёз гузаронидаанд.

Мувофиқи хулосаи мутахассисон, соли ҷорӣ 504688 тонна пиёз истеҳсол карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 33969 тонна зиёд мебошад. Кишти дигар намуди сабзавотҳо бо маром идома дошта, ба ҳолати 18 майи соли 2022-ум, 2132 гектар сабзӣ, 914 гектар карам, 3865 гектар помидор, 2173 гектар бодиринг ва 1674 гектар дигар намуди сабзавотҳо кишт карда шуда, дурнамои кишти онҳо аз 91 то 139 фоиз таъмин гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар майдони 11518 гектар кишти полезӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 694 гектар зиёд мебошад. 

Соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 6307 гектар кишти картошка гузарониданд, ки нисбати соли гузашта 427 гектар зиёд мебошад. Кишти картошка дар ноҳияҳои кӯҳӣ идома дорад. Ҷамъоварии мева оғоз гардида, ба ҳолати 13 майи соли 2022, истеҳсоли мевагиҳо ба 1151 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 402 тонна зиёд мебошад.

Муовини Сарвазири мамлакат С. Зиёзода дар ҷаласа таъкид намуд, ки имконият ва иқтидори вилояти Хатлон дар мавриди истеҳсол ва содироти меваю сабзавот хеле зиёд мебошад ва бартарияти табиии кишвар имкон медиҳад, ки иқтидорҳо сол то сол зиёд карда шуда, талаботи бозори дохилӣ таъмин ва иқтидорҳои содиротӣ тақвият дода шавад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо такя ба маълумоти раёсати минтақавии гумрукӣ, қайд кард, ки то рӯзи 18 май аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 5349,8 тонна маҳсулот, аз он ҷумла 720 тонна тавассути роҳи оҳани вилоят содирот шудааст, ки нисбати соли гузашта 4271,6 тонна кам аст. Дар ин давра 2677,3 тонна сабзавот, аз он ҷумла 849,2 тонна пиёз, 933,5 тонна сабзӣ, 870 тонна лаблабу, 24 тонна карам, инчунин 1871,2 тонна мева, аз он ҷумла 725,9 тонна олу, 986,9 тонна зардолу, 16,8 тонна шафтолу, 141,6 тонна лимӯ ва 737,3 тонна дигар махсулот содирот шудааст.

- Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки нақшаи солонаи содироти маҳсулоти кишоварзиро, ки 95 ҳазор тонна аст, бо андешидани тадбирҳои созанда амалӣ намоянд, - масъалагузорӣ кард раиси вилоят.

Ба масъулони идораҳои дахлдори соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин оид ба пешгирӣ аз ҳашароти зараррасон, таъмини шароит барои рушди парандапарварӣ ва афзоиши саршумори чорво, беҳдошти замин ва обёрӣ, истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замини киштбоб, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, назорати бехатарии сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳимояи ҷангалзорҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Изҳори итминон шуд, ки кишоварзони вилояти Хатлон бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда барои ба даст овардани дастовардҳои беҳтарини истеҳсолӣ тамоми қувваи қобили меҳнатро сафарбар намуда, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазои худро мегузоранд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода