Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Рӯзи шашмақом дар Бохтар таҷлил шуд


Рӯзи шашмақом дар Бохтар таҷлил шуд



Шоми имрӯз ба хотири таҷлил аз 12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи консертӣ доир шуд. 


Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, кормандони ташкилоту идораҳои вилоятиву шаҳрӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, хонандагону сокинони шаҳри Бохтар иштирок намуданд.




Қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду такомули ин жанри миллӣ мароқи хосса зоҳир намуда, бобати эҳё ва идомаи мактаби мусиқии шашмақомхонӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, ҳунармандон дастгирӣ меёбан.

Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли “Шашмақом” фаъолият дорад, ки ҳунармандони он ба ҳама тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ ҷалб карда мешаванд ва нақши онҳо баҳри баланд бардоштани камолоти маънавии мардум, тарбияи насли наврас дар ҷодаи мақомхо­нӣ рушди ёдгории бег­азанди санъати мусиқии «Шашмақом» назаррас аст.




\Ф. Шарифӣ афзуд, ки бо мақсади ҳифзи мероси мусиқии суннатии тоҷик тадбирҳои судманд амалӣ гардида, ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба ин жанр дар заминаи мактаби суннатии “устодшогирд” дар мактабҳои мусиқӣ ва санъат, инчунин дар назди ансамбли “Шашмақом” дастаҳои ҳаваскорон тарбия кар­да мешаванд.

- Мақомхонони хатлонӣ, аз ҷумла Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Адолат Комилова, Ҳазратқул Ҳусейнов, Ҳанифа Абдураҳимова, Маҳмадризо Ашӯров, Маҳмадалӣ Аюбов, Амриддин Кабиров, Қутбиддин Зиёзода, Марҳамат Маҷидова, Паригул Тошпулодова, Аҳад Пулодов, Ашӯров Умедҷон ва Зи­ёдалиев Қудратулло ва чанде дигаронро метавон ном бурд, ки имрўз мактаби худро дошта, дар рушди мусиқии классикии тоҷик нақши босазо гузошта истодаанд, - идома дод муовини раиси вилоят.


Пас аз суханронии Ф. Шарифӣ ба чанде аз мақомсароён ва аҳли ҳунари вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.




Барномаи пурмуҳтавои ҳунарии аҳли санъат идомабахши зебои маҳфили мақомхонон гардид.
Тамошои ин барнома бори дигар собит намуд, ки санъати маъмули шашмақом аз ҳар ҷиҳат ба шунаванда ҳаловат, осоишу роҳат бахшида, дари муъҷизаи худро боз намуда, ўро ба олами волои худ раҳ­намун месозад.




P.S.: Ҳайати эҷодии рӯзномаи "Хатлон" ба хотири огоҳӣ пайдо кардан аз рафти кори ҳунармандони ин ансамбл гузорише омода кардааст, ки метавонед аз саҳифаи ютубии рӯзнома бубинед.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода