Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Маркази таълимию методӣ ба фаъолияти омӯзгорон кумаки амалӣ мерасонад


Маркази таълимию методӣ ба фаъолияти омӯзгорон кумаки амалӣ мерасонад



Бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилот ва шароиту имконияти фаъолияту таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ барои омӯзгорону хонандагон, инчунин баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бо дастуру супориш ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 24 –уми феврали соли равон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон таваҷҷуҳу дастгирии соҳаи маориф аз тарафи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бамаротиб зиёд гардидааст. Ин аст, ки маҳз зери сарпарастии муҳтарам Қурбон Ҳакимзода дар назди раёсати маорифи  вилоят Маркази таълимию  методӣ, табъу нашр ва  таъмини маводи хониш таъсис дода шуд. Ин марказ дар расонидани кумаки методӣ ба омӯзгорон, батартибории вазъи китобдорӣ, саривақт ва мувофиқи матлаб дастрас гардидани маводҳои хониш ба муассисаҳои таълимӣ ва дигар самтҳои фаъолият мусоидат хоҳад кард.  

     
Бо Қарори раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати баланд бардоштани   вазъи  корҳои методӣ, аз ҷумла, масъалаҳои такмили шакл ва усулҳои таълим, тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ ба омӯзгорон, омӯзиш ва расонидани ёрии амалӣ ба муассисаҳои таълимии вилоят дар самти ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълиму тарбия Марказ ташкил карда шудааст. Ҳамзамон, мутахассисони Марказ дар самти аз худ кардани стандартҳои давлатии таҳсилот, назорати рафти татбиқи нақшаю барномаҳои таълимӣ дар зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ кумаки амалӣ мерасонанд. Ғайр аз ин, омӯхтан ва ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, назорат, санҷиш ва омӯзиши ҳолати   корҳои таълимию методӣ дар муассисаҳои таълимӣ, расонидани ёрии методӣ ба онҳо ва дигар самтҳои хадамоти методӣ яке аз вазифаҳои асосии мутахассисони Маркази таълимию  методӣ, табъу нашр ва   таъмини маводи хониши назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон мебошад. Ба маркази мазкур танҳо мутахассисони тахассусманду кордон ҷалб карда мешавад.


Маорифи Хатлон ғамхории раиси вилоятро дар самти пешрафти кори соҳа ва ҳавасмандгардонии пешсафон ҳанӯз аз солҳои қаблӣ бо хубӣ эҳсос намуда буданд. Маҳз барои қадрдонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо гардидани маблағҳои калонҳаҷм гувоҳи гуфтаҳои болост, ки ду соли охир омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ аз он баҳравар мегарданд. Илова бар ин, дастгирӣ намудан дар самти сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо лавозимоти таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, бо сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардонидани омӯзгорони пешгом (ғолибони озмуни “Омӯзгори сол” ва “Мураббии сол”), инчунин хонандагони номбардорӣ ватан ба монанди ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумлаи амалҳоест, ки тайи солҳои охир раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода пиёда намуда истодаанд.


Аллакай, эҳсос мегардад, ки назорат, корбарӣ ва таваҷҷуҳи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода нисбати соҳаи маориф, таълиму тарбия, муҳайёсозии шароиту имконияти нав, беҳсозии сифати таҳсилот ва дарёфти истеъдодҳои нав бештару беҳтар гардида, доиман зимни сафарҳои кориашон аз вазъи соҳаи маориф пурсон мегарданд.

Кормандони соҳаи маориф аз чунин дастгирии раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода миннатдор буда, барои арзанда будан ба ин ҳама ғамхориҳо талош хоҳанд кард, то натиҷаҳо нисбатан фарқкунанда бошанд.

Итминон меравад, ки Маркази таълимию  методӣ, табъу нашр ва  таъмини маводи хониши назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз рӯйи нақшаи пешакӣ дар самти расидан ба қуллаи мақсуд бо хубӣ мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти 
Раёсати маорифи вилояти Хатлон 
             

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода