Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Орду равған дар Бохтар арзон шуд


Орду равған дар Бохтар арзон шуд



Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани сокинон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор гардид. 

Молу маҳсулоти хӯрока дар назди театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар гузошта шуда, дар он маҳсулоти аз нархи бозор нисбатан арзонтар  аз қабили орд (260-290 сомонӣ), равған (1 литр 24 сомонӣ), гӯшт (58 сомонӣ), тухм (як қуттӣ 25-27 сомонӣ),  макарон (7-10 сомонӣ), меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пешкаши харидорони шаҳр карда шуд. 

Маҳмадшо Шаробов, сокини шаҳри Бохтар зимни харидории маҳсулоти ниёзӣ дар суҳбат бо рӯзномаи "Хатлон" гуфт: "Дар арафаи моҳи мубораки Рамазон ташкил намудани чунин ярмаркаҳо ба манфиат хоҳад буд. Имрӯз мо бо нархҳои нисбатан арзонтар маҳсулоти хӯроквориамонро мехарем. Дар бозор нархи маҳсулот каме қиматтар аст. Инҷо бошад, метавонед ҳам бо нархи дастрас харидорӣ кунеду ҳам хушсифат. Пеш аз ҳама мехоҳам миннатдории худро ба ташкилкунандагони ин ярмарка расонам. Хуб мешуд агар чунин ярмаркаҳо зиёдтар гузаронда шавад, то мардум бо нархи дастрас маҳсулоти ниёзи худро харидорӣ намоянд". 

Бояд гуфт, ки ярмаркаи мазкур аз 23 апрел то санаи 1-уми майи соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода