Хатари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ чист?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш, Боздид 1 224
- Бештар барои расидан ба манфиати шахсӣ дар амалишавии ҳадафҳои нопоки худ аз номи дин истифода карда, мардумро гурӯҳҳои ифротии динӣ гумроҳ кардан мехоҳанд, - гуфта шуд дар семинар-машварати вилоятӣ, ки таҳти унвони"Хатари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ чист?" дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар доир гардид.
Дар семинар-машварати мазкур муовини сардори раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Холиқов Ф.А, ходими ҷамъиятӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифзода Муҳаммадӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, ҷавонони фаъол иштирок доштанд.
Зимни баромади иштирокдорон қайд гардид, ки ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир нест. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд.
Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои муваффақияти ин гурӯҳ ва ҷойгоҳи байналмилалӣ пайдо кардани он ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, ходими ҷамъиятӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар баромади худ изҳор дошт,ки фикру ақидаҳои ифротгароӣ аз доираи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба амалҳои тунд мегузарад. Дар ин маврид, шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Чунин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зурӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳалаи радикализм ба марҳалаи терроризм мегузарад.
Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад .
Дар рафти семинар-машварат чанде аз иштирокчиён дигар низ оид ба мавзӯи мазкур табодули афкор намуданд.
Ин ҷо қайд карда шуд, ки ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпӯшкардашудае аст, ки барои зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият, якпорчагии давлат ва ба мақсади барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.
Дар шароити ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб онҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷуӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ саҳм намегузоранд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» ҷавононро ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ даъват намуда, амалҳои бади худро «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» мегӯянд ва мехоҳанд, ки бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Яъне, нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Гуфта шуд,ки ҳар як ҷавони моро зарур аст,ки ба гуфтаҳои чунин афроди бадхоҳ дода нашуда, зиракии сиёсии худро истифода кунанд.Зеро, ифротгароён ҷавонони сустирода ва фаҳмиши паст доштаро зудтар ба доми фиреби худ гирифтор мекунанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...