Ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои соҳибкорӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 894
Дирӯз, 20 апрел, таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар ҷаласаи 14-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои масъули иқтисодӣ, соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд.
Рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят Қурбон Ҳақимзода зимни баргузории Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ иброз доштанд, ки дар вилоят то ин давра 13 Шӯро баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳим вобаста самти беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ шудаанд.
- Мо бояд муколамаи бахши хусусӣ ва давлатиро дар сатҳи баланду қобили эътимод ташкил намоем, то фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят беҳтар гардад, - зикр намуданд раиси вилоят. - Баҳри таъмини рушди устувори бахши хусусӣ, дар мамлакати мо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ дар самти гумрук ва андоз роҳандозӣ гардидааст, ки мисоли он аз оғози соли 2022 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мебошад. Он барои беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷаласаи Шӯро муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода, муовинони раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ва Акрам Сулаймонзода, намояндагони ЮСАИД дар Тоҷикистон, Фонди Оғохон дар вилоят, олимону коршиносони соҳаи тиҷорату кишоварзӣ вобаста ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ ва имтиёзҳои давлатӣ дар ин самт табодули назар карданд. Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода мунтазам вусъат ёфтани раванди ислоҳотро тавассути муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои Шӯро қайд намуда, дар ин замина беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва рушди бахши содиротро натиҷаи фаъолияти самараноки Шӯро арзёбӣ намуданд.
Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»