Форуми тиҷоратии “Бохтарфуд-2022” барпо мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 701
Моҳи майи соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтарфуд-2022» баргузор мешавад.
Тавре ки аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, ин иқдом аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шарикони рушд роҳандозӣ мегардад.
Ҳадафи форум мусоидат ба содирот тавассути рушди савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ унвон мешавад. Барои иштирок дар форум бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон ва харидорон аз кишварҳои хориҷӣ даъват шудаанд.
Дар доираи форум баргузории намоишгоҳи тиҷоратӣ, ташкили вохӯриҳои B2B ва B2G дар назар аст.
Барномаи форум ҷаласаҳоро оид ба марказҳои консолидатсионӣ, маркетинг ва пешбурди содирот, таъмини риояи стандартҳо ва талаботи бозорҳои содиротӣ дар бар мегирад.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ форуми байналмилалии тиҷоратии “Бохтарфуд-2021” баргузор гардида, дар натиҷа якчанд созишномаи ҳамкорӣ дар самти тиҷорат миёни доираҳои соҳибкории Хатлон ва шарикони рушд ба имзо расида буд.
Н. Маъмурзода,
«Хатлон»