128 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 814
Корхонаи филиали ҶДММ «Ваҳдат - Текстайл»-и шаҳри Кӯлоб то 1 апрели соли ҷорӣ 128 ҳазор ҷуфт ҷӯроб бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ истеҳсол карда, ба фурӯш баровардааст.
Қобили зикр аст, ки иқтидори солонаи корхонаи мазкур истеҳсоли то 34 миллион ҷуфт ҷӯроб буда, ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир содироти он ба хориҷи кишвар низ сурат мегирад. Феълан дар ин ҷо 96 нафар, асосан бонувон, кор мекунанд. Роҳбарияти корхона ният дорад, ки шумораи кормандонро марҳила ба марҳила, баъди аз омӯзиш ва гузаштани курсҳо, ба 430 нафар расонад.
Қитъаи замини иншооти мазкур 3 гектар буда, имконияти дар ҳудуди он сохтмони боз як корхонаи дигар мавҷуд мебошад.
Корхонаи мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ Илҳом Мирзоев ва Акбар Асадулло бунёд гардида, ин иқдом барои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур 5 октябри соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бояд қайд кард, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 49 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардид. Ҳоло бошад, танҳо дар 3 корхонаи саноатии кишвар: корхонаи “Ваҳдат-текстил”-и шаҳри Душанбе, корхонаи нассоҷии ноҳияи Вахш ва парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб бештар аз 100 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардад, ки ҳам бозори дохилиро таъмин менамояд ва ҳам ба Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ содирот карда мешавад.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, дар муҳлатҳои наздик боз 5 корхонаи истеҳсоли ҷӯроб дар минтақаҳои гуногуни кишвар бунёд хоҳанд шуд.
http://khatlon-ruznoma.tj/