Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таваҷҷуҳ ба рушди футбол дар Хатлон


Таваҷҷуҳ ба рушди футбол дар Хатлон



Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ноиби Президенти ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов доир гардид.

Мавзӯи дастгирӣ ва рушди футболи кӯдакону наврасон, бонувон, вазъи молиявии бошгоҳҳои вилоят, ки дар Лигаи олӣ, Лигаҳои якум ва дуюм баромад мекунанд, ташкили инфрасохтори зарурӣ барои оммавигардонии футбол ва ҷалби аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солим аз масъалаҳои меҳварии вохӯрӣ буд.

Сараввал, раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, дар миёни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футбол рушд карда истодааст. Мавриди зикр аст, ки аз вилояти Хатлон дар Лигаи олии мамлакат дар мавсими имсола 3 даста - “Хатлон”-и  Бохтар, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Файзканд”-и Восеъ баромад мекунанд.



Инчунин, 6 дастаи дигар - «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Саройкамар”-и Панҷ, “Ҳулбук”-и Восеъ, “Ҳосилот”-и Фархор, “Сарҳадчӣ”-и Ҳамадонӣ ва “Моҳир”-и Ёвон вилоятро дар Лигаи якум муаррифӣ менамоянд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз намуданд, ки ба варзиш, бахусус футбол, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои рушду ривоҷи он омодааст ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ гуфта шуд, ки оид ба рушди футбол дар вилояти Хатлон Федератсияи футболи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба футбол, заминаи мусоид дар мутобиқгардонии инфрасохтори соҳаи футбол ба талаботи ҷаҳонӣ, таъмиру азнавсозии иншооти марбут ба футбол, дастгирии молиявии дастаҳои вилоят, оммавӣ гардонидани футбол, тарғибу ташвиқи он, пайдо намудани истеъдодҳои нав аз байни ҷавонон ва даҳҳо чунин ҳадафҳоро пеш гузоштааст, ки корҳо дар ин самт марҳила ба марҳила ба анҷом расонида мешаванд.

Ф. Бобоев, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода