Пасту баландшавии қурби асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 023
Пас аз оғози амалиёти низомии Россия дар Украина болову пастшавии қурби асъор ва маҳдудият дар доду гирифтҳои тиҷоратӣ, воридоти молу маҳсулот ба вуқӯъ пайваст, ки ин барои Тоҷикистон низ нигаронкунанда мебошад.
Пас аз эълони маҳдудиятҳои давлатҳои Аврупо ба Россия болоравии қурби доллари ИМА ва бозикунии қурби рубли русӣ ба мушоҳида расид. Ин ба нархи маҳсулот таъсири баланд расонд.
Инчунин Россия тасмими қатъ кардани содироти маҳсулоти ғизоиро ба хориҷа ба муҳлати муайян эълон дошт, ки ин барои мо низ бетаъсир намемонад. Масалан, бархе аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввалияро аз Россия ба Тоҷикистон ворид мекунем, ки ин ҳам барои мо мушкилӣ эҷод намуда метавонад. Тоҷикистон, аллакай дар ин бора чораандешӣ карда истодааст, барномаи мушаххаси зиддибуҳронӣ таҳия шудааст. Шояд барои мо мушкилӣ дандоншикан шуда натавонад. Вале барои дигар давлатҳо зина ба зина идомаи чунин амалҳо метавонад, ба гуруснагӣ оварда расонад.
Бахусус, дар сурати қатъ шудани интиқоли гандум аз Россия ва Украина якчанд минтақаи ҷаҳон ба норасоии ғизо ва гуруснагӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Барномаи ҷаҳонии озуқавории (БҶО) СММ Томсон Пири изҳори назар намудааст.
Тибқи таҳлили коршиносон ва маълумоте, ки аз расонаҳои хабарӣ дарёфтем, ба Украина ва Россия 30 дарсади содироти ҷаҳонии гандум, 20 дарсади содироти ҷуворимакка ва 76 дарсади офтобпараст рост меояд. Дар ин ҳол, халалдор шудани истеҳсолот ва раванди занҷиравии таъминот нархҳоро боло мебаранд. Мо болоравии нархҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон мушоҳида намуда истодаем, ки шояд яке аз таъсирҳои асосиаш маҳз натиҷаи амалиёти ҳарбӣ Россия дар Украина бошад.
Ёдовар бояд гардид, ки дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон буҳрони давомдор метавонад, ки таъминоти зироати асосиро маҳдуд кунад ва боиси болоравии нархи ғизо ва гуруснагӣ гардад. Дар Тоҷикистон низ эҳтимоли болоравии нархи орд буда метавонад. Аммо, тадбирҳои андешидаистодаи Ҳукумати Тоҷикистон шояд бо хубӣ барои коҳиши таъсири манфии ин раванд мусоидат намояд. Мардуми кишварро зарур аст, ки имсол ба захираи маводи озуқа ва истифодаи самарабахши замин чун солҳои пешин рӯ биёранд ва оилаи худро бо маҳсулоти худӣ таъмин кунанд.
Наргис Нурализода,
мудири кафедраи молияи ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...