Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 1 апрел - оғози даъвати баҳорӣ


1 апрел - оғози даъвати баҳорӣ



Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ин ҷаласа, ки таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода доир шуд, масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба даъвати баҳории шаҳрвандон, тақвият бахшидани захираҳои сафарбарӣ, ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вобаста ба даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар мамлакат, ки аз якуми апрели соли равон оғоз мегардад, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки мақомоти давлатии даъват ва дигар ниҳодҳои вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣҷамъиятиро зарур аст, ки фаъолияти хеш ва кори комиссияҳои даъватиро дар асоси талаботи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва қонунҳои амалкунандаи соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода