9833 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 840
Теъдоди занони сарвар дар вилояти Хатлон соли 2021 рӯ ба афзоиш ниҳода, ба 9 ҳазору 833 нафар расид. Шумораи бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда нисбати соли 2020-ум 2617 нафар зиёд мебошад.
Тавре ки аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, ҷиҳати ба корҳои сиёсӣ ва мақоми намояндагии вилоят ҷалб намудани занон тадбирандешӣ сурат гирифта, айни ҳол 6 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9,5%), 24 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (34,7%), 343 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо (36,4 %) ва 1037 вакили Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот занон мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дастур дода шуд, ки ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.http://khatlon-ruznoma.tj/