Нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят назаррасанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 285
- Натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2021 мусбат арзёбӣ шуда бошад ҳам, аммо мушкилиҳо дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят ҳанӯз ҷой дошта, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо масъулон бояд талоши бештар ба харҷ диҳанд, - таъкид намуд раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят.
Ҷамъбасти мазкур дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вазорату кумитаҳо, муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, фаъолони вилоят ва намояндагони ВАО доир шуд.
Сараввал, муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам оид ба нишондиҳандаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2021 маърӯза намуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки таҳлили нишондиҳандаҳои ҷамъбастии иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2021 нишон доданд, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои зарурӣ дар доираи ҳадафу афзалиятҳо ва супоришҳои Ҳукумати кишвар, сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна вобаста ба пандемияи коронавирус ва коҳишёбии суръати рушди соҳаҳои осебпазир, дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021 таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ ба назар расид.
Дар идома Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ қабул кард, ки он барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Тайи солҳои охир дар вилояти Хатлон як қатор корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар рафти саноаткунонии кишварамон саҳми беандозаи худро гузошта истодаанд. Дар заминаи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, умедворем, ки дар ҳудуди вилоят боз ҳам бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Дар фароварди ҷаласаи ҷамъбастӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ, масъулони идораҳои давлатӣ ва фаъолон оид ба рафти мушкилиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ғолибони озмуни беҳтарин оила, деҳа, деҳот ва беҳтарин оила, кӯча, маҳалла, шаҳраки беҳтарин дар сатҳи вилоят, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.
Дар номинатсияи “Оилаи беҳтарин” - ҷойи якум насиби Давлат Бедимоғов, аз Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, ҷойи дуюм насиби Додарбек Давлатов, аз Ҷамоати деҳоти Калинин ноҳияи А. Ҷомӣ ва ҷойи сеюм насиби Ҷаббор Шарипов, Ҷамоати деҳоти “Нури Ваҳдат”-и. ноҳияи Панҷ гардид. Дар номинатсияи “Деҳаи беҳтарин” бошад, соҳиби ҷойи якум Зуҳро Ҳакимзода, аз Ҷамоати деҳоти “Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик, соҳиби ҷойи дуюм Абдусалом Валиев, аз Ҷамоати деҳоти “Фархор”-и ноҳияи Фархор ва соҳиби ҷойи сеюм Рӯзигул Шокирова, аз деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” гардиданд. Дар номинатсияи “Деҳоти беҳтарин” Бобохон Ҷӯрабеков, аз Ҷамоати деҳоти “Исмат Шарифов”-и ноҳияи Данғара ғолиби ҷойи якум гардид. Ибодулло Неъматзода, аз Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Восеъ ва Абдулло Ҳиматов, аз Ҷамоати деҳоти “Лоҳутӣ”-и ноҳияи Ховалинг мутаносибан соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи “Оилаи беҳатарин” ҷойи якум насиби Идибой Нарзуллоев, аз шаҳри Норак, ҷойи дуюм насиби Юсуф Фақирзода Ҷамоати шаҳраки “Вахш”-и ноҳияи Вахш ва ҷойи сеюм насиби Абдулмумин Сатторов, аз Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун гардид. Дар номинатсияи “Кӯчаи беҳтарин” ҷойи якум насиби Гулнора Усмонова, аз шаҳри Бохтар, ҷойи дуюм Моҳшариф Шоаҳмедова, аз Ҷамоати шаҳраки “Москва”-и ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷойи сеюм Абдусалом Чориев, аз Ҷамоати шаҳраки “Қубодиён”-и ноҳияи Қубодиён гардид. Дар номинатсияи “Маҳаллаи беҳтарин” бошад, соҳиби ҷойи якум Сафар Мардонов, аз шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюм Хосият Раҳматуллоева, аз Ҷамоати шаҳраки “Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус ва ҷойи сеюм насиби Нигина Ашӯрзода, аз Ҷамоати шаҳраки “Ёвон”-и ноҳияи Ёвон гардид. Дар номинатсияи “Шаҳраки беҳтарин” соҳиби ҷойи якум Сабоҳат Мирзошарифзода, аз Ҷамоати шаҳраки “Муъминобод”-и ноҳияи Муъминобод, соҳиби ҷойи дуюм Қобил Ҳақназаров, аз Ҷамоати шаҳраки “Обикиик”-и ноҳияи Хуросон ва соҳиби ҷойи сеюм Суҳроб Ҷабборзода, аз Ҷамоати шаҳраки “Балх”и ноҳияя Ҷ. Балхӣ шуданд.
Фаромӯз БОБОЕВ, “Хатлон”