Қурбон Ҳакимзода аз ташаббуси соҳибкорони боҳиммат ситоиш кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 786
5 уми январ соли 2022 раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Вахш раиси видоят нахуст бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳ ва бинои мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия дидан намуданд. Бинои мазкур тибқи иттилои масъулин барои беш аз 400 нафар хонанда пешбинӣ гардида, дар як маврид дар шафати ин бинои таълимӣ бунёду сохтмони хобгоҳ барои 480 нафар, нуктаи тиббӣ, ошхона ва ҳуҷра барои вохӯрии волидайну тарбиятгирандагон ба нақша гирифта шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии"Эҳёи Сомониён" бо маблағгузории "Ташкилоти хайриявии Дубай" Аморати Муттаҳидаи Араб бунёд мегардад. Масоҳати ҷойгиршавии бинои таълимӣ аз 3 гектар иборат буда, дар заминаи дастуру супоришҳои бевосита роҳбарияти ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гирду атрофи бино бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зиннат дода мешавад.Роҳбарияти вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастур доданд, ки иншооти сохташавандаро дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ҳамин замина ба масъулини ноҳия ва роҳбарияти сохтмонҳо муроҷиат намуд, ки то ба итмом расонидани иншоотҳо заминҳои корами гирду атрофи иншоотҳо сарфакорона истифода бурда шуда, кишту кор намоянд.
Дар ноҳияи Вахш дар заминаи вусъат бахшидани корҳои ободонӣ коллеҷи аграрӣ бунёд мегардад. Муҳтарам Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки коллеҷи мазкур ба маблағи 48 миллиону 912 ҳазор сомонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумзурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Ҳамчунин дар ин рӯз Қурбон Ҳакимзода дар ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон деҳаи Иттифоқ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ бинои таълимӣ, ки барои 480 ҷои нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст ва бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад, дидан намуданд. Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони корҳои сохтмонӣ сӯҳбат ороста таъкид доштанд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷӯҳи бештар равона созанд.
Чуноне аз Паёми Президенти мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, дар заминаи амалисозии ҳадафи чоруми ҳукумати кишвар саноатикунонии босуръати мамлакат солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" эълон гардидааст. Дар доираи татбиқи ин ҳадаф дар ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш бо ташаббуси соҳибкорони боҳиммати ватанӣ бунёди корхонаи нассоҷӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ бо суръат идома дорад. Дар ҳолати бунёд ва ба истифода супурдани ин корхона 460 нафар сокинони маҳал бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд, ки ин иқдом натанҳо дар рушди саноат, истеҳсоли маҳсулот замина мегузорад, балки дар беҳдошти рӯзгори сокинон низ мусоидат мекунад.Чуноне ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар сехҳои истеҳсолии корхона насб карда мешавад, аз хориҷи кишвар дастрас мегардад ва имконияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир фароҳам меояд. Иқдомҳои бунёдкорона дар ноҳияи Вахш дар заминаи татбиқ ва амалисозии дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҳукумати кишвар идома дорад ва ин ободкориҳо боиси рушди соҳаҳои мухталиф ва дар маҷмӯъ қаноатмандӣ ва беҳдошти рӯзгори сокинон мегардад.