Ба сарҳадбонон 250 китоби бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ тақдим шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 858
Дирӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар арафаи Соли нави мелодӣ ба табрики афсарону сарбозони қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Панҷ рафта буданд.
Зимни боздид ба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иттилоъ доданд, ки баҳри бозомӯзии афсарони қӯшунҳои мазкур толори дорои китобҳои соҳавию адабӣ ҷудо шудааст. Раиси вилоят дастур доданд, ки китобхонаи сарҳадбонон бо асарҳои тозанашр таъмин карда шавад.
Тибқи ин дастур, аллакай имрӯз бастаи якуми китобҳо иборат аз 250 нусха китобҳои арзишманд, амсоли "Чеҳраҳои мондагор", "Уфуқҳои истиқлол", "Забони миллат - ҳастии миллат"-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров, "Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ", инчунин осори насрию назмии адибони классику муосири тоҷик ба қисми ҳарбии мазкур дастрас ва аз номи раиси вилоят тақдим карда шуд.
Афсарону сарбозон аз ин туҳфаи пурарзиш хушҳол шуда, ба роҳбарияти вилоят миннатдории самимӣ баён намуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
10-08-2021, 08:59
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии...