Ваъда иҷро шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 777
Дирӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, аз шароиту зиндагии онҳо дидан намуд ва ба тарбиятгирандагон туҳфаи идона ва кӯмакҳои яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расонид.
Вақте ки раиси вилоят бо гурӯҳи кӯдакон акси умумӣ гирифтанд, яке аз онҳо хоҳиш кард, ки ин аксро барояш туҳфа кунанд. Қурбон Ҳакимзода ваъда доданд: "Ҳатман чунин мешавад. Фақат шумо нағз хонед, илму ҳунар омӯзед".
Имрӯз акси таърихии ваъдашуда ба роми зарҳалӣ гирифта шуда, ба кӯдакони парваришгоҳи болозикр дастрас карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ин муассиса дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз соли 1950 ҳамчун парваришгоҳ фаъолият дошта, айни замон дар он 221 нафар хонанда аз 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 58 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Аз шумораи хонандагон 9 нафар ятими кулл, 130 нафар нимятим ва 82 нафар бепарасторон мебошанд.