Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Талқинкунандаи зиндагӣ


Талқинкунандаи зиндагӣ



Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар ироа мегардад, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар Паёми имсола таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба сатҳи некуаҳволии сокинон, баланд бардоштани қариб ҳама намуди нафақаву маоши кормандони ташкилоту идораҳо равона гардидааст. Тавре ки Сарвари давлат дар паёмашон изҳор доштанд, ҳадафи давлату Ҳукумат барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум
нигаронида шудааст.


Дар Паёми имсола аз ҷумла чунин қайд гардидааст: “Дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стра-
тегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии
мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи
Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад”.
Мо-сокинони шарафманди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, минбаъд низ барои саҳми муносиб гузоштан дар рушду нумӯи давлати азизамон кӯшиш ба харҷ дода, дар таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ медиҳем.

Файзалӣ Ҷамолиддин,
сокини ноҳияи Ш. Шоҳин

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода