Қ. Ҳакимзода. "Сари вақт ба ҳарфи сокинон гӯш кунед"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 1 158
Имрӯз, 18 декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули сайёри шарвандон баргузор гардид, ки 13 нафар шаҳрванд роҷеъ ба мушкилоти худ ба раиси вилоят муроҷиат намуданд.
Зимни қабули шаҳрвандон Зардакова Назира оид ба норасоии оби полезӣ ва ошомиданӣ дар деҳаи Намуна, Ғозиев Ҷумъа ҷиҳати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагиҳо, Бобомуродов Даврон, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳаи Тоҷикобод оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, Эрназаров Эргаш оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди сехи дӯзандагӣ ва фурӯшгоҳ, инчунин шаҳрвандони дигар дар масъалаҳои ҷудо намудани замин барои нонвойхона ва дӯкони гӯштфурӯшӣ, сохтмони толори варзишӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23, сохтмони биноҳои нави КАТС, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони кӯдакистони хусусӣ, таъмини аробачаи маъюбӣ ва бо дигар матлабҳо муроҷиат намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба баррасии саривақтӣ ва ҳалли мусбати мушкилиҳои шаҳрвандон ба масъулини дахлдор супориш дододанд. Ҳамчунин, аз тарафи раиси вилоят дастур дода шуд, ки дар кутоҳтарин фурсат ба ду оилае, ки аз надоштани арабачаи маъюбӣ танқисӣ мекашанд, онҳоро бо арабачаи маъюбӣ таъмин намояд.
Сипас, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон оид ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот доданд.
Дар фароварди қабули сайёри шарвандон раиси вилояти Хатлон ба масъулони идораҳои давлатӣ ва фаъолони ноҳия оид ба самаранок истифода бурдани замин, яхобмонӣ, шӯршавӣ, захира намудани меваю сабзавот, зиёд намудани ҳаҷми гӯшти парандаву моҳӣ, ҷамъоварии андоз, барқ ва дигар масъалаҳои муҳим супоришҳои мушаххас доданд.
Фаромӯз БОБОЕВ, “Хатлон”