Нақши рӯзномаи “Хатлон” дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 061
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ сармуҳаррирони рӯзномаи “Хатлон”, собиқадорони матбуот, намояндагони ВАО-и вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши рӯзномаи «Хатлон» дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот” бахшида ба 90-солагии рӯзномаи “Хатлон” баргузор гардид.
Раиси вилоят бо баёни андешаҳои самимона, дастгирӣ ёфтани матбуот дар замони соҳибистиқлолӣ ба кори конференсия ифтитоҳ бахшиданд. Зикр доштанд, ки “Хатлон” - нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз аввалин васоити ахбори чопии ин минтақаи калонтарини кишвар буда, дар саҳифаҳои худ таърихи рангини ҳаёти Хатлонзамин, меҳнати шоистаи мардуми онро бозтоб намудааст. Дар зарфи фаъолияти наздики якасраи худ ин нашрия, ки вобаста ба талаботи давру замон номҳои “Зарбдори сохтмони Вахш”, “Ҳақиқати Кӯлоб”, “Пахтакори Сурх”, “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”, “Роҳи ленинӣ”, “Навиди Вахш”, ”Ҳақиқати Хатлон”-ро ба худ гирифта, ҷиҳати инъикоси пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, баёни мақсаду мароми давлату ҳукумат, раванди бунёдкориву созандагӣ, таҳкими дӯстиву бародарии халқу миллатҳо, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии мардум нақши созгор бозидааст.
- Рӯзномаи “Хатлон” пораи таърихи матбуоти тоҷик буда, тавонотарин мактаби эҷодии кишвари азизамон мебошад, - идома доданд раиси вилоят. - Роҳи пуршарафи 90-солагии рӯзнома солномаи корнамоиҳои меҳнатии мардуми водии Вахш, бунёди маҷмааҳои калони иқтисодӣ-саноатии Тоҷикистони ҷанубӣ, тавлиди бузургтарин корхонаҳои саноатӣ ва энергетикӣ дар минтақа маҳсуб мешавад.
Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, ки “манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи Нақши рӯзномаи “Хатлон” дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилооти барои ҳифзиманфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеахизмат намоянд".
“Хурсандибахш аст, ки аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” дар масири фаъолияти бисёрсолаи худ ин рисолатро бо масъулияти баланд ва сарбаландона иҷро карда меоянд”, -афзуданд раиси вилоят.
Дар ҷараёни кори конференсия ҳамчунин намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯзи Забеҳулло номаи шодбошии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайати эҷодиву техникӣ ва собиқадорони нашрия расонида, нақш ва мақоми аҳли эҷодро дар рушди матбуот арзанда ҳисобид.
Собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, собиқадори соҳа Шералӣ Яҳёев, ки 40 соли ҳаёти худро ба кори рӯзноманигорӣ бахшидаанд, андешаҳои худро дар мавзӯи “Нақши рӯзномаи “Хатлон” дар таҳкими ваҳдати миллӣ” баён дошт. Дар идомаи кори конференсия Нуриннисо Муртазоева, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” низ оид ба фаъолияти рӯзнома ва рӯзноманигорон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ёддоштҳои худро изҳор намуд.
Қайд гардид, ки рӯзномаи “Хатлон”-ро таҳти роҳбарии шахсиятҳои шинохтаи олами маърифат манбаи кадрҳо номидан барҳақ аст. Аз ин даргоҳ журналистони болаёқат, суханвар ва соҳибмактаб, ки бо навиштаҳои худ дар баланд гардидани сатҳи маънавиёти мардум саҳм гузошта, камбудиву мушкилоти замонро рӯйи об бароварда, дар роҳи ҳаллашон андешаҳои ҷолиб баён намудаанд, бо қадамҳои устувор ба арсаи публистистика ва адабиёти тоҷик роҳ ёфтаанд. Қисмати дигар, ба олами сиёсату ҷомеашиносӣ ворид гардида, дар ин роҳ соҳибэҳтиром шудаанд.
Нуринисо Муртазоева асоси дастоварду муваффақияти аҳли эҷодро ба сулҳу осоиш, истиқлолу озодии кишвар марбут дониста, аз роҳбарияти сатҳи олии кишвар ва вилояти Хатлон ҷиҳати дастгириҳои рӯзафзун изҳори сипос намуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷодаи босифат рӯйи чоп омадан ва ба дасти хонандаи худ расидани нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - рӯзномаи “Хатлон” нақши чопхонаи “Матбаа”-и вилояти Хатлон ва КФ КВД «Почтаи тоҷик» дар вилоят назаррас аст.
Дар қисмати дигари кори конференсияи илмӣамалӣ як қатор кормандони фаъолу пурмаҳсул, собиқадорон ва собиқ сармуҳаррирони нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо Ифтихорнома, Сипоснома, туҳфаҳо, нишону медалҳои соҳавӣ қадршиносӣ шуданд.
Аз ҷониби ҳайати таҳририяи рӯзномаи “Хатлон” ҳамчунин ба раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дастгириҳои рӯзафзун, фароҳам овардани фазои фаъолияти пурсамар изҳори сипос карда шуд.
“Хатлон”