Ифтитоҳи бинои Гурӯҳи “Тоҷикобод”-и Шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 988
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш бинои Гурӯҳи “Тоҷикобод”-и Шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ карданд.
Зимни суҳбат бо кормандон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Бинои Гурӯҳи “Тоҷикобод”-и Шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз се ошёна ва 5 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он барои кору зиндагии кормандон шароити муосир муҳайё карда шудааст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино ду хонаи сеҳуҷрагӣ ва 2 хонаи дуҳуҷрагӣ сохта шудааст.
Дар саҳни ҳавлӣ пас аз ифтитоҳи иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се оилаи хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору зиндагии шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити муосир муҳайё карда шудааст ва ин иқдомҳои шоиста минбаъд низ амалӣ мегарданд.
http://www.president.tj/