Мавриди истифода қарор додани бинои шуъбаи “Муҳофиза”-и ВКД дар ноҳияи Данғара
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 301
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар маҳаллаи 15-уми деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.
Иншоот аз таҳхона ва панҷ ошëна иборат буда, дорои 40 ҳуҷраи корӣ барои кормандон, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунанда, афсарон, шуъбаи назорати ташкилӣ, техникию муҳандисӣ, китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, анбори сару либос ва дигар лавозимоти низомӣ иборат мебошад.
Ҳамзамон дар ошëнаи чоруми иншоот 4 ҳуҷра барои меҳмонон ва ошхона ҷойгир карда шудааст.
Дар назди бинои навбунëд таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиëти хизматӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона, суҳбаткада ва дигар иншооти ëрирасон бунëд гардид.
Ба хотири фароҳамсозии имконияти мусоиди кору фаъолият ҳамзамон системаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият менамояд насб гардидааст.
Корҳои сохтмони бинои шуъбаи хадамоти “Муҳофиза” дар ноҳияи Данғара моҳи августи соли 2019 оғоз гашта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани иншоот 40 нафар мутахассиси ватанӣ ҷалб шуд.
Ҳамчунин атрофи бино ободу зебо ва иншоот чароғон карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 90 нафарро ташкил медиҳад.
Бунëди иншооти замонавӣ, дастрас намудани технологияи муосир ва фароҳам сохтани дигар шароити зарурӣ дар самти ҷоннок намудани фаъолияти ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара замина хоҳад гузошт.
Зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат баҳри муҳайëсозии имкони кору фаъолият, зиндагӣ ва қадршиносии кормандони сохторҳои қудратӣ ëдовар шуда,ба онҳо барои бо ҳисси баланду худшиносӣ хизмат намудан ба нафъи давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот дастуру ҳидоятҳо доданд.
http://president.tj/