ФАРБЕҲӢ. Он чӣ гуна беморӣ аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 август, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бемории фарбеҳӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Мувофиқи тадқиқоти гузарондаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2016–2018 дар байни аҳолии қобили кории синни 18-55-солаи ҷумҳурӣ, 17%-и аҳолии кишвар вазни зиёди бадан доранд. Бемории фарбеҳӣ дар миёни аҳолии кишвар 11,3%-ро ташкил медиҳад, ки аз ин, тибқи маълумоти оморӣ, дар миёни мактаббачагон 4,7% аст. Доир ба ин беморӣ Шодрӯз Сафаров, духтури эндокринологи Маркази саломатии шаҳри Бохтар, маълумоти бештаре медиҳад.
МАЪЛУМОТ ОИД БА ФАРБЕҲӢ
Фарбеҳӣ беморие, ки ҳамчун инкишофи номуътадили бофтаҳои равғандори ҷисм ташхис шудааст. Тибқи тадқиқоти ТУТ (Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, WHO) дар ҷаҳон аз 30 то 80%-и одамон аз вазни зиёди бадан азият мекашанд.
Тақрибан 20%-и кӯдакон ва наврасон вазни зиёд ва 3/1 ҳиссаи онҳо бемории фарбеҳӣ доранд (ТУТ). Ҳамасола ин меъёр рӯ ба афзоиш аст ва дар ҳоли ҳозир назар ба солҳои 1970-ум 10 маротиба афзудааст. Ин тамоюл сабаби ба вуҷуд омадани эпидемияи бемории фарбеҳӣ гашта, ба саломатии насли оянда хатари бузурге эҷод менамояд. Дар саросари ҷаҳон ҳар сол на камтар аз 2,8 миллион нафар дар натиҷаи вазни зиёд ва фарбеҳӣ вафот мекунанд.
САБАБҲОИ ПАЙДОИШИ ФАРБЕҲӢ
Омили асосие, ки ба фарбеҳӣ оварда мерасонад, вайроншавии мувозинати энергетикӣ мебошад, ки аз номураттабии байни дохилшавии энергия ба организм ва харҷи он вобаста аст. Аз ҳама бештар фарбеҳшавӣ дар натичаи пурхӯрӣ ба вуҷуд меояд. Он метавонад дар натиҷаи вайроншавии назорат аз болои харҷи энергия низ ба вуҷуд ояд. Бешак, нақши омили ирси конститутсионалӣ, пастшавии фаъолияти ҷисмонӣ, синнусол, ҷинс, омилҳои касбӣ, баъзе ҳолатҳои физиологӣ (ҳомиладорӣ, лактатсия, климакс) низ назаррас аст.
АЛОМАТҲО ВА РАФЪИ БЕМОРӢ
Нишонаи умумии ҳамагуна шакли фарбеҳшавӣ вазни (массаи) аз ҳад зиёди ҷисм мебошад. Чаҳор дараҷаи фарбеҳшавӣ ва ду марҳилаи беморӣ шиддатёбанда ва босуботро аз ҳам ҷудо менамоянд. Дар дараҷаи 1-ум вазни воқеии ҷисм набояд аз вазни идеалӣ бештар аз 20%, дар дараҷаи 2-юм бештар аз 30-40%, дар дараҷаи 3-юм бештар аз 50-99% ва дар дараҷаи 5-ум бештар аз 100% зиёд бошад.
Беморони дараҷаи якуми фарбеҳшавӣ одатан ягон шикоят надоранд. Ҳангоми фарбеҳшавии аз ин зиёдтар заифӣ, хоболудӣ, руҳафтодагӣ, баъзан асабӣ шудан, қай кардан, талхии даҳон, нафастангӣ, варами кафи пойҳо, дард дар буғумҳо ва сутунмуҳра мушоҳида мешавад.
Ҳангоми фарбеҳшавии ҳипоталамикӣ зуд-зуд баландшавии иштиҳо, махсусан дар нимаи дуюми рӯз, ҳисси гуруснагӣ ва ташнагӣ беморро азият медиҳанд. Дар занон вайроншавии гуногуни ҳайз, безурётӣ, гирсутизм ва дар мардон пастшавии қобилияти мардонагӣ (аз меъёр паст шудани шаҳват) ба мушоҳида мерасад. Касифшавӣ ва вайроншавии трофикии пӯст, сурхшавии хурд-хурди рӯи пӯсти ронҳо, ши-кам, китфҳо, гиперпигментасияи гар-дан, оринҷҳо, ҷойҳои соидашаванда, баландшавии фишори хун. Ба ҷойи маҳсулоти хӯроквории таркибашон чарбдор бояд нони аз орди навъи дуюму сеюм пухташуда истеъмол намуд. Рӯзҳои хӯрокхӯриро тартиб додан лозим аст. Умуман дар ҳама ҳолат лозим аст, ки худ нигаҳдорандаи солимии худ бошем. Ҳар дардеро давоест, гуфтаанд. Дар ин ҷо бемории фарбеҳӣ низ истисно нест.
Зеро он низ табобатшаванда буда, барои он танҳо иродаи қавӣ лозим аст. Агар имрӯз ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошед, пас бояд роҳҳои пешгирии онро
риоя намоед ва саломатии хешро барқарор созед.
Аз гӯшаи “Хатлон”: саломат бошед Шумо метавонед, аз ҳар гуна бемориҳо ва табобат аз он иттилоъ гирифта, худ ва оилаатонро солим нигоҳ доред.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00