ИФТИТОҲИ 3.5 КМ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 2 март, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҳи мошингарди дохили деҳаи Пахтакори деҳоти Даштигулоро мавриди истифода қарор доданд.
Роҳи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, ба беҳдошти вазъи роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллидошта равона шудааст. Мумфаршкунии роҳ ҳамчун иқдоми муҳимми созандагӣ ба рушди инфрасохтори деҳот мусоидат менамояд.
Тибқи иттилоъ, дарозии роҳ 3530 метрро ташкил дода, деҳаи Пахтакорро ба роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалии Гулистон-Фархор пайваст менамояд. Корҳои сохтмонӣ аз аввалҳои моҳи июни соли 2025 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, бо маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.
Паҳноии роҳ 5 метрро ташкил дода, он бо ғафсии 8 сантиметр мутобиқ ба талаботи муосири роҳсозӣ мумфарш гардидааст. Бо ба истифода дода шудани ин иншоот ҳаракати нақлиёт осону бехатар гардида, шароити рафтуомади сокинон ба маротиб беҳтар мешавад.
Зимни ифтитоҳи роҳ Сарвазири мамлакат иқдоми соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин корҳои ободониву созандагӣ дар арафаи ҷашни миллӣ далели равшани ҳисси баланди ватандӯстии сокинон мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёду навсозии дигар роҳҳои маҳаллӣ низ идома дошта, татбиқи онҳо ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00