БА ЗИЁРАТИ ҚАБРИ ГУЗАШТАГОН РАВ!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 август, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 82
![]()
Ҳикмат боз ба хона маст омада, боиси ранҷиши модар гардид. Ӯ ба модар қавл дода буд, ки арақнӯширо бас карда, ба зиёрати қабри падар меравад ва онро ба тартиб меорад, Ҳатто саҳар хеста шустушӯй кард ва либоси тоза пӯшиду ба боварии модар даромад. Вале қасами худ шикаст, модарро фиреб дод...
... Модар барои хариди маводи ғизоӣ ба писар як миқдор маблағ дод. Ҳикмат онҳоро сари роҳ, ба бозор нарасида, ҳамроҳи ҳамқадаҳояш арақ нӯшид. Сари қабри падар рафтанро фароӯш кард ва ба хона сархуш, ба қавле “лайло” шуда, баргашт. Модар ба сарзаниши вай даромад: Руҳи падарро ранҷонидӣ, ӯ дар зиндагиаш аз ту баракат надида буд, баъди маргаш низ нороҳат аст, ҳатто боре ба зиёраташ нарафтӣ, - гӯён бисёр гирист. Кампири бечора аламашро бо гиря берун мекард.
Ҳамон шаб падар дар хоби писар даромад. Дар хонаашон маъракае доир гардидаю одамон хеле кам ба чашм мерасид. Хона аз ду пешайвон иборат буд. Раҳматии падарро ғамгин дид. Ӯ дар даст ҷорӯб пешайвони ҳуҷраи худашро мерӯфту онро аз баргҳои рехтаи чинор тоза менамуд. Ба падар салом дод, вале ҷавобе нашунид. Ҳатто қиблагоҳ сӯяш нигоҳе ҳам накард. Беэътибор ҷорӯб мезад.
-Падарҷон, дар ин ҷо танҳо наистед. Бегоҳ ба ҳуҷраи ман гузаред, ҳамроҳ меистем, зиқиатон мебарояд, - гуфт писар. Падар боз ҷавобе надод. Хомӯшона ҷорӯб мезад ва аз дидагонаш донаҳои ашк шашқатор ба рӯйи баргҳо мерехтанд. Ҳикмат ба фиғон аз хоб бедор шуд. Дилаш ба танг омад, ашки чашмонаш мисли борон мерехт. Писар назди падар гунаҳкор аст. Ба амалҳои ношоистаи худ пайваста руҳи ӯро меранҷонад. Боре ҳам ба сари қабри қиблагоҳ нарафтааст.
Саҳарии барвақти рӯзи нав аз хоб хеста, роҳи қабристонро пеш гирифт. Ба модар чизе нагуфт, сари қабри падар омад. Рӯйи мазори ӯро хору хас ва янтоқ зер кардаю ҳарҷо- ҳарҷои онро калламушҳо сӯрох намуда ва як гӯшааш фурӯ рафта буд.
Ҷавон рӯйи қабри қиблагоҳро тоза карда, гирду атрофи онро ба тартиб овард. Баъди ин ҳама ба зону зада, ашк рехту гиребон дошта, тавба кард. Барои амалҳои носазояш бахшиш пурсид, савганд хӯрд, ки дигар даст ба арақ намебарад. Даҳонашро тоза нигоҳ дошта, аз дурӯғгӯийҳо парҳез менамояд.
Инак, Ҳикмат ба қавли додаи хеш устувор истода, дар хизмати модар асту тез-тез сари қабри падар меравад. Тавба мекунаду як қаф дуо ба арвоҳи падар мехонад...
С. АТТОР,
«Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00