Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » СИНО ТОҶИК МЕМОНАД


СИНО ТОҶИК МЕМОНАД




Ҷойи баҳс нест, ки осори бузургони илму адаб мутааллиқ ба кулли миллатҳост, аммо мансубияти нажодияшон бояд аз ҷониби ҳама кас росту равшан зикр шавад. Мутаассифона, ин қоидаи одӣ гоҳо зимни баёни ҳувияти миллии фарзонафарзанди тоҷикон, пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби бархе аз туркнажодону арабтаборони каҷнависи таъриху тамаддун сарфи назар мешавад. Он яке бо баҳонаи дар Бухорои шариф ба дунё омадани Шайхурраис ва дарназардошти ҷуғрофиёи кунунии мавзеи мазкур ӯро ҳамватан ва дар ин асос ҳаммиллати хеш мехонад, дигарӣ ба забони арабӣ осори илмии бештар доштани Синоро дар саргаҳи иддаои хеш мегузорад.    

Ҳама даҳр ошиқи Сино
“Бузургони илму адаб ситорагоне мебошанд, ки ба саросари кураи арз партав меафкананд. Аммо барои музаффарияти адолат бояд гуфт, ки ҳар яке аз ин бузургон зода ва парвардаи тамаддуни муайян, аз модари муайян ва падари муайян таваллуд шудаанд”, - мегӯяд Абдулҳай Комилӣ, директори Институти илмию тадқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техника дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои физика, математика, профессор, академики Акадимияи байнулмилалии мактабҳои олӣ.
Аввали соли 2025 сомонаи телевизиони байнулмилалии CNN дар силсилмаводе доир ба Ӯзбекистон баъзе аз донишварони классики форсу тоҷикро ӯзбек муаррифӣ кард. Аз ҷумла, навиштаанд, ки “Дар олами илми тиб номи олими ӯзбек Ибни Сино чун ситораи раҳнамо, илҳомбахши наслҳои олимону табибон дурахшон аст”.  
“Бояд гуфт, ки Бухоро, Балх, Марв ва Нишопур аслан шаҳрҳои қадимии тоҷикон ҳастанд ва гаҳвораи тамаддуни тоҷик ба шумор мераванд. Дар он асрҳо касе дар бораи худ маълумот наменавишт, аммо Сино дар шарҳи ҳолаш навиштааст, ки падари ман аз Балх буд. Балх – маркази тамаддуни тоҷикон. Дар он ҷо ба ғайр аз тоҷик касе зиндагӣ намекард. Агар Ибни Сино зинда мебуд, ба инҳо механдид, ки сафедро сиёҳ мегӯянд. Кори инҳо дар ҳован об куфтан аст, дигар чизе нест”, - гуфт А.Комилӣ.
Ҳамгун ба ин қазия, соли 2016 дар Тоҷикистон китоби Фредерик Старр “Маърифати гумшуда. Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг” аз англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуд. Муаллиф сиёсатшинос ва мушовири се президенти Амрико будааст. Васфи ӯ ҳамчун дӯст дар расонаҳои Ӯзбекистон бисёр омада. Дар ин китоб дар хусуси саҳми нобиғаҳои форсу тоҷик дар шаклгирии тамаддуни башарӣ тавсифи бисёр аст, лекин дар бораи миллаташон амдан ягон калима гуфта нашуда, онҳо кӯтоҳ зодаи Осиёи Марказӣ шиносоӣ шудаанд.
“Мо далелҳои раднопазире дар ихтиёр дорем, ки Шайхурраис наметавонад, ки ғайри эронитабор, ғайри тоҷик бошад. Ӯ сирф тоҷик аст, яъне аз мардуми эронитабор аст ва бо ин мешавад ифтихор кард, - мегӯяд Муҳаммадсалом Махшулов, ходими калони илмии Маркази синошиносии Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. - Далели якум, худи Шайхурраис дар осораш ишора мекунад ба қавмияти худ. Дар китоби “Ишорот-ут-танбеҳот”-аш вақте дар бораи яке аз мазомини мантиқӣ сухан меронад, мехоҳад, ки далели мантиқӣ биёрад, мегӯяд, ки “Нест ҳеҷ чизе аз “А” дар “Б”. Ва меафзояд, бо забонҳое, ки мо медонем, ин аст. Ба забонҳое, ки медонад, мисол меорад: арабӣ ва форсӣ. Дигар забонеро балад набуд. Ва дувум, дар бахше аз Илоҳиёти “Китоб-уш-шифо” Шайхурраис мефармояд, ақвоме, ки дар касби фазилат кундӣ мекунанд, мисли сиёҳон ва туркон бояд, ки барда бошанд. Бубинед, кадом турк мехоҳад, ки падару модараш ва худаш барда, яъне ғулом бошад? Далели раднопазири дигар ин аст, ки падари Шайхурраис ба гуфтаи худаш аз аҳли ботин буд, яъне пайрави мазҳаби ботиния. Аммо таърих гувоҳ аст, ки дар замони Шайхурраис ва чанд қарн баъд аз ӯ низ як турке нест, ки пайрави мазҳаби ботиния бошад. Чунки мазҳаби ботиния, ки дар таоруфу дар тавзеҳи масоили исломӣ ба ботин такя мекунад, яъне ба ғайр аз маънои зоҳирӣ вуҷуди маънои ботиниеро низ таъкид мекунад, куллан як ҷунбиши сирф мардуми эронитабор буд алайҳи кӯчиён, яъне турконе, ки аз саҳрои Қипчоқ ба сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон сарозер шуда буданд. Агар падараш аз аҳли ботин бошад, ӯ наметавонад, ки ғайри тоҷик бошад. Модараш Ситорабону ном дорад. Ситора ҳамон “ситора” аст, вожаи сирф тоҷикӣ. “Бону” ҳам пасвандест, ки ба номи ашрофзодагони эронитабор ҳамроҳ карда мешавад. Яъне модараш ҳам тоҷик аст. Худаш зодаи Бухоро асту модараш асолатан аз деҳаи Афшанаи Бухоро. Худи вожаи “афшана”, ки имрӯз ҳам аҳолияш тоҷикҳо ҳастанд, аз калимаи авастоию санскрит аст, яъне “сарзамини канорӣ”. “Сарзамин”-аш ҳам вожаи эронист. Дигар ин, ки вақте як ғуломзодаи турк бо номи Султон Маҳмуд дар Хуросон ба ҳукумат мепайвандад, аз Сомониён ҷудоӣ ихтиёр мекунад, падари Сино намехоҳад, ки ба ӯ хидмат кунад, меояд ба дарбори Сомониён ва он ҷо ба хидмат ворид мешавад. Ва Бӯалӣ ҳамеша аз дасти туркҳо, аз дасти саҳронишинон, ки давлати Сомониёнро аз байн бурданд, фирор мекард”.
Дар сомонаи Qomus.INFO – Ӯзбекистон миллий энциклопедияси Ибни Сино ҳамчун олими бузурги энсиклопедисти “ӯртаосиёлик”, яъне осиёимиёнагӣ тавсиф мешавад. Дар торнигори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ дар зери сурати Бӯалӣ, ки қиёфаи турконааш додаанд, ҳеҷ ҳарфе дар хусуси дудмони ӯ гуфта нашуда, ба арабӣ асар таълиф карданашро зикр кардаанд, аммо ба форсиро не. Дар Ziyouz.uz Ибни Сино шахсияти таърихии Ӯзбекистон муаррифӣ шуда, ки ин гуна мисолҳо кам нестанд. 
Фақат дар торнигори Википедияи ӯзбекӣ бо зикри якчанд адабиёти тасдиқкунанда миллати Шайхурраисро форс-тоҷик навишта, сарчашмаи иттилоъ “Донишномаи миллии Ӯзбекистон”, (солҳои 2000-2005) гуфта шудааст. Яъне эҳтимол дар ин китоб низ ҳақиқат инкор нашуда.
“Туркон дар сарзамини Сомониён буданд, аммо ба ду сурат: ё барда ё лашкарии кироя. Дар бахши илм ва фарҳанг аз онҳо асаре набуд. На танҳо он замон, балки чандсад сол. Ва аҷиб ин аст, ки ақвоме Шайхурраисро моли худ медонанд, ки 500 сол баъд аз фавти ӯ ба ин кишвар омадаанд”, - таъкид кард М.Махшулов.
Ҷустуҷӯ нишон дод, ки мавзуъҳои дар CNN бозтобёфта бо фармоиши Маркази маданияти исломии назди Девони вазирони Ӯзбекистон омода шуда будаанд. Шак нест, ки китоби Фредерик Старр ҳам дар заминаи ҳамин гуна як фармоиши манфиатҷӯён таълиф шуда.
“Бидуни шак, - изҳор дошт академик А.Комилӣ, - тамоми синошиносони воқеӣ ӯро форсиюласл мегӯянд. Ман дар сипозиуми байнулмилалӣ дар Белгия будам. Он ҷо ҳама Ибни Синоро бидуни истисно эронӣ мегуфтанд. Ҳатто дар Қирғизистон асарҳои Сино ва бахшида ба ӯро ба қирғизӣ тарҷума карда, фарзанди тоҷик гуфтаанд. Дар Амрико ба англисӣ навишта, тоҷик гуфтаанд. Донишманди бузурги америкоӣ Кеннедӣ, ки осори Ибни Сино ва Беруниро ба англисӣ тарҷума кардааст, дар як мулоқот маро гуфт, ки “ту аз насли Ибни Сино ҳастӣ”. Арабҳои донишманд мегӯянд, ки фарзанди форсиюласл ба забони арабӣ мерос гузошт”.
Ричард Фулс, муҳаққиқи тамаддуни ориёӣ ва таърихи тоҷикон, профессори Донишгоҳи Конкордияи шаҳри Монреали Канада, муаллифи китоби “Тоҷикон”, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигорони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба иддаои тоҷик набудани Сино, Берунӣ, Хоразмӣ, Исмоили Сомонӣ ва даҳҳо тани дигар чунин посух дод: “Ин воқеият надорад! Дар таърих вақте як кишвари нав ба вуҷуд меояд, мисле ки баъди шӯравӣ кишварҳо пайдо шуданд, маҷбуранд барои худ ҳувият бисозанд, ки мо кӣ ҳастем, таърихамон чист. Ӯзбекҳо, мутаассифона, наметавонанд мисли қазоқҳо ва қирғизҳо ба фарҳанги Осиёи Марказӣ даъво кунанд. Онҳо сарбоз буданд, силоҳ доштанд, ҳоким буданд, аммо фарҳанг аз мардуми тоҷик аст. Ва онҳо маҷбуранд дурӯғ гӯянд. Фақат дар Осиёи Марказӣ ин гуна даъвоҳо ҳаст, ки чӣ ё кӣ моли кист. Дар олами илм ин масъалаҳо ҳал шудааст ва касе шак намекунад, ки фарҳанги Осиёи Марказӣ аз тоҷикҳост”. Ин иқтибос дар сомонаи pressa.tj дар мақолаи “Ричард Фулс: агар Сомониён набуд, Эрон набуд!” дастрас аст.
“Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино як чеҳраест, ки тамоми ақвоми олам метавонанд аз доштани чунин чеҳраи бузурги илмию фарҳангӣ ифтихор кунанд. Ба ҳамин хотир аст, ки як қавми бо ӯ аз лиҳози хунию насабӣ, генетикӣ, ирсият ва фарҳанг ҳеҷ муштаракот надошта ӯро олими худ медонад ва ин чизи маъмул аст. Чунки он қавмҳо, бештар ҳамин ҳамсояҳо ва дигар ақвоми ғайриэроние, ки ӯро моли худ медонанд, мехоҳанд, дар заминаи афроди бузурге ба мисли Шайхурраис худшиносии қавми худро боло баранд ва дар назди ҷаҳониён бо доштани чунин бузургон ифтихор кунанд”, - гуфт синошинос М.Махшулов.
Дигар чеҳраҳои маъруфи улуми муосир низ форс-тоҷик будани Бӯалиро боисрор гӯшзад кардаанд. Клиффорд Эдмунд Босворт – таърихшинос, шарқшиноси маъруфи англис ва мутахассиси ҷаҳони ислом таъкид мекунад, ки Ибни Сино бо фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ алоқаманд аст ва кӯшишҳои баъзе гурӯҳҳо барои нисбат додани ӯ ба миллатҳои турк асоси илмӣ надорад. Ӯ чунин талошҳоро натиҷаи ҷараёни миллатгароии сиёсӣ мешуморад. 
Амели-Мари Гойшон – шарқшиноси фаронсавӣ ва мутахассиси фалсафаи исломӣ дар таҳқиқоти худ Шайхурраисро ҳамчун мутафаккири форс ва намояндаи фарҳанги эронӣ муаррифӣ мекунад. 
Генри Корбин – файласуфи фаронсавӣ низ Ибни Синоро ҳамчун намояндаи равияи фалсафии илоҳиётии эронӣ ва форсӣ мешиносад. Ӯ осори Синоро дар заминаи фалсафаи ишроқӣ ва тасаввуф таҳлил кардааст.
Татяна Липай, профессори Донишкадаи рушди маорифи Минск, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Здоровье мегаполиса”-и шаҳри Москва, ҳангоми як суҳбати видеоӣ бо мо зикр кард, ки ӯ на фақат дар бораи Сино, балки дар бораи Абӯбакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигар донишмандони форс-тоҷик таълифот дорад. Чунки доираи пажӯҳиши илмии вай стегматизатсия ҳамчун падидаи этикаи биотиббӣ дар муҳтавои осори табибони асримиёнагии форсу тоҷик аст. 
“Дар хусуси миллати Сино кифоя аст, ки андешаҳои олимони номдорро ба ёд орем. Феодосий Бородулин – олими шӯравӣ, педагог, таърихшиноси тиб, доктори илмҳои тиб, профессор, ин тавр фармуда: “Ибни Сино – фарзанди бузурги халқи тоҷик ва табиби бузургтарини асримиёнагӣ”. Вадим Ромодин, таърихнигори шӯравӣ, мутахассиси таърихи Осиёи Марказӣ, чунин гуфта: “Нависандаи бузурги рус Николай Василевич Гогол, рассом-нобиға ва донишманди хуби итолиёӣ Леонардо да-Винчи ва дар радифи онҳо ифтихори миллати тоҷик Ибни Сино инсонҳоеянд, ки хотироти неки эшон аз ҷониби миллатҳо соли 1952 бо ибтикори Шӯрои Байнулмилалии Сулҳ арҷгузорӣ шуд, - зикр кард ин мусоҳиби хориҷии мо”.
“Мегӯянд, ки пизишкӣ набуд, онро Буқрот ба вуҷуд овард. Пизишкӣ мурда буд, онро Ҷолинус зинда кард. Пизишкӣ пароканда буд, онро Закариёи Розӣ фароҳам овард. Пизишкӣ ноқис буд, онро Бӯалии Сино комил кард. Ӯро дар Ғарб Авитсенна, падари илми тиб мегӯянд. Академик Якубовский мегӯяд, ки дар асрҳои миёна дар тамоми ҷаҳон ду донишманди сатҳи аввал буд: Ибни Сино ва Берунии Хоразмӣ. Ҳарду ҳам тоҷик буданд”, - ёдовар шуд А. Комилӣ. 
Дар нашри дуюми китоби Ibn Sina (Avicenna) Encyclopedia of Islam (Ибни Сино, энсиклопедияи ислом) аз соли 2009 чунин навишта шудааст: “Ӯ соли 370-и ҳиҷрӣ / 980-и мелодӣ дар Афшана – зодгоҳи модараш, наздикии Бухоро ба дунё омадааст. Забони модарии ӯ форсӣ буд”. 
Шарқшиноси бритониёӣ Ҷон Арберрӣ дар таълифоти худ “Avicenna on Theology” (Ависенна дар бораи Илоҳиёт) чунин гуфта: “Ибни Сино бузургтарин мутафаккири форсизабон буд, ҳам чун табиб ва ҳам чун файласуфи метафизика”. 
Файласуф ва исломшиноси фаронсавӣ Ҳенри Корбин соли 1998 дар саҳифаи 74-и китоби “The Voyage and the messenger: Iran and Philosophy” (Сафар ва паёмрасон: Эрон ва фалсафа) Синоро “файласуфи маъруфи эронӣ” гуфтааст.  
Асарҳои мазкур бо англисӣ буда, мо иқтибосҳо аз онҳоро аз Википедияи ӯзбекӣ дарёфт кардем. 
Андешаҳои холиси олими қирғиз, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Доолтабай Бабаев низ хеле ҷолиб аст. Ӯ ҳангоми як тамоси телефонӣ ба инҷониб гуфт, то кунун олимони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия, Белорусия, Миср ва бисёр дигар осори Шайхурраисро аз 456 асари мондагораш, ки 23-тояш ба форсӣ-тоҷикӣ ва бештараш ба арабӣ навишта шудааст, меомӯзанд. “Ин ба мисли он аст, ки дар замони мо таълифоти илмӣ дар пойгоҳҳои маъруфи додаҳои илмии “Scopus”, “Web of Science” бо забонҳои англисӣ, лотинӣ ва ғайра ба табъ мерасанд. Яъне дар он қарнҳо осори илмӣ ба арабӣ нигошта мешуд. Дар асл мо на фақат бо Абӯалӣ ибни Сино, балки бо дигар донишварони тоҷик низ ифтихор мекунем, зеро модари тоҷик ба тамоми дунё чунин мутафаккирони барҷаста: Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Насриддини Тӯсӣ ва монанди инҳоро тақдим кард. Моро мебояд, ки осори онҳоро омӯзем ва натиҷаҳои бадастовардаро тавъам бо илмҳои муосир ба кор барем”, - афзуд Д.Бабаев.  

Дилсӯзии “воизон”
Вокунишҳои нисбатан нарм ба он силсиламаводи CNN, ки зикраш рафт, дар сатҳи расмӣ дар Тоҷикистон садо дод. Аз ҷумла, вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ба хабарнигорон чунин гуфт: “Изҳороти расмии давлати ҳамсоя нест ва худи мавод таҳрифи воқеият аст”. Вале ҳосили таҳлил ин аст, ки он ғараз дар миёни баъзе аз соҳибмақомҳои ҳамсоякишвар пайравони худро дорад. Чунончи, ҷонибдорони он дар сомона ва саҳифаи фейсбукии сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Миср ва дар чанд ҷойи дигар матлаби мазкурро бознашр кардаанд. 
Ҷолиб аст, ки ин вокуниши дар зарурат раво доираҳои сиёсию илмии ҳамсоякишварро озурд ва чанде аз онҳо гӯё дилсӯзона дар хусуси зарари чунин баҳсҳо, манфиат аз ҳамсоядории нек ва фурсатталабии дасти сеюм барои ноором кардани минтақа таъкид карданд.  
Шерзодхон Қудратхоҷа, ректори Донишгоҳи рӯзноманигорӣ ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон пас аз даъвати ҳаммиллатони Сино ба хештандорӣ гуфтааст, дар асрҳои IX ва X дар ҳеҷ манбаъ дар хусуси Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ё Қирғизистони имрӯза сухан нарафтааст ва он нобиғаҳо ниёгони ҳамаи сокинони минтақа ҳастанд. 
Пӯсткандаи сухани олими кишвари дӯст ин аст, ки дар он замонҳо ҳеҷ шахс миллати худро зикр намекард. Зеро, ба андешаи мо, ҳама мусалмонони ҳудуди кунунии Осиёи Миёна ин фармудаи дини мубини исломро: “Миллат фақат як миллат аст, миллати мусалмон” бе чуну чаро иҷро мекарданд. 
“Шайхурраис ҳамон ду забонеро, ки медонист, бо ҳамон ду забон осорашро менависад ва иқрор мешавад, ки дигар забоне балад нест. Аҷиб ин аст, ки Берунӣ шаш забонро балад буд, аммо туркиро намедонист. Зеро ин забон даркор ҳам набуд, нуфузе надошт. Дар саҳрои Қипчоқ танҳо мавриди истифода буд ва дар тамаддуни Мовароуннаҳру Хуросон аз ин забон, аз ин қавм аслан асаре нест, то даврони муғул ва то баъд аз даврони муғул. Бубинед, ҳар кадомеаш, ки мехоҳад ҳукумат кунад, забону фарҳанги моро истифода мекунад. Аз забону фарҳанги мо ба унвони василаи давлатсоз истифода мекунад. Темурлангро, ки набераҳояш ба Ҳинд мераванд, дар дарборашон ҳеҷ кадоме туркӣ не, форсӣ суҳбат мекарданд ва пуштибони забони форсӣ буданд. Султон Маҳмуди ғуломзодаи турк низ яке аз мубаллиғони фарҳангу забони эронӣ – тоҷик буд”, - бо қатъият гуфт М.Махшулов. 

Сино ва забони форсӣ-тоҷикӣ
Шайхурраис забони модарияшро гиромӣ медошт, ки бо он калимабандиҳои илмие ҳам кардааст.
“Ибни Сино ҳамчун фарзанди тоҷик ба истилоҳоти илмии тоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард. Масалан, гуфтааст, ҳаракатро тозиён ҷунбиш гӯянд. Ҳатто дар бораи истилоҳоти тоҷикии илмӣ дар “Донишнома” фикрҳои ҷолиб баён кардааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин донишманд на танҳо ба илм, ҳатто ба забони модарӣ таваҷҷуҳи махсус дошт. Ҳамин аст, ки дар давроне, ки забони арабӣ забони илмӣ буд, 23 асарашро ба забони модарияш, яъне тоҷикӣ таълиф кардааст”, - изҳор дошт А.Комилӣ. 
Муҳаммадсалом Махшулов дар тақвияти фикри болозикр гуфт, навиштаҳои Сино дар бахши забони форсӣ яке аз беҳтарин намунаҳои забони форсӣ ҳастанд. 
“Барои мо – тоҷикон хеле муҳим аст, ки Ибни Сино забони илмии тоҷикиро бунёдгузорӣ кардааст ва ҳамчун мутафаккире барои мо дар тамаддуни ҷаҳон шинос аст, ки маҳз барои ташаккули забони илмии форсӣ-тоҷикӣ саҳми босазо гузоштааст. Илова бар ин, ки якчанд осоре ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст, зиёда аз ин, ӯ истилоҳоти илмии моро бунёдгузорӣ карда ва ин истилоҳот ҳам дар соҳаи фалсафа, ҳам дар соҳаи тиб, ҳам дар соҳаҳои дигаре, ки баъд аз ӯ ҳамчун илмҳои алоҳида ташаккул ёфтаанд: физика, риёзиёт, кимиё, дорушиносӣ, нуҷум ва монанди инҳо, бунёде барои забони илмии тоҷикӣ шудаанд”, - гуфт Муҳиба Муҳаммадҷонова, доктори илмҳои фалсафа, профессор, шахсе, ки дар тарҷума, тавзеҳ ва таҳия осори Ибни Сино дар солҳои охир иштирок карда истодааст. 
А.Комилӣ бо ишора ба муҳимияти ин самти фаъолияти Шайхурраис тазаккур дод, ки агар ягон муҳаққиқ пажӯҳиш барад, ӯро асосгузори истилоҳҳои тоҷикӣ ҳам тасдиқ кардан мумкин аст. 

Сино – асосгузори рубоии фалсафии тоҷик
Донишмандони тоҷик Ибни Синоро бунёдгузори рубоии фалсафӣ дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ меҳисобанд. 
“Аз лиҳози истифода аз рубоии фалсафӣ Хайёму Наҷмиддини Куброву Шайх Абӯсайиди Абулхайру дигарон давомдиҳандагони суннатҳои Шайхурраис дар адабиётанд”, - таъкид кард Муҳаммадсалом Махшулов. 
“Аз қаъри гили сияҳ то авҷи зуҳал...”, “З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ, фард...”, “Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард...”, “Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан...” ва ҳоказо аз шумули он рубоиёти волои Бӯалиянд, ки дӯстдорони каломи мавзунро шефта карда.

Решаи ғараз
Соли 1980 дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ 1000-солагии Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта шуд. Аз ҳамон сол иддае аз миллатгароён боз иддао карданд, ки агар Бухоро дар ҳудуди Ӯзбекистон аст, мебояд Шайхурраисро ӯзбек муаррифӣ кард. Дар натиҷа, нагузоштанд, ки на дар Маскав ва на дар Душанбе ҳувияти аслии ин ҳакими бузург ёдрас шавад. 
“Ба назди устод Айнӣ як антропологи рус – шӯравӣ медарояд, - нақл мекунад А.Комилӣ, - вай чеҳраи Ибни Синоро туркона кашида будааст. Устод Айнӣ гуфтааст, ки ин нодуруст аст. Яъне ҳамон замон ҳам ришваю пора буд. Ва ман аз забони устод М.Осимӣ шунида будам, ки устод Айнӣ гуфтааст, Ибни Сино ба ҷуз донишманди мумтоз будан чеҳраи зебо ҳам доштааст. Чунон хушрӯ будааст, ки баъзе занҳо танҳо барои тамошояш дар сари роҳаш меистодаанд”.
Доираҳои бонуфузи илмӣ он даъвои ботили миллатгароёнро рад карданд. Ҳатто котиби аввали Партияи коммунистии Ӯзбекистон Рафиқ Нишонов соли 1988 ба нашрияи “Известия” чунин гуфта буд: “Агар илм гӯяд, ки ин олими бузург ба халқи тоҷик тааллуқ дорад, моро мебояд, ки аз ин фақат ифтихор кунем”.     
 Лекин боз ҳам фурсатталабон ваҳдати халқҳои тоҷику ӯзбекро дида натавониста, аз соли 1991 бо дасти сиёсатмадорони вақт ба турксозии дурӯғини Ибни Сино идома доданд. Барои тезтар ба ҳадаф расидан онҳо ҳатто кӯшиданд, ки сулолаи Сомониёнро қарлуқ эълон кунанд.
“Ин мероси ниёгони мо аст. Мо меросбари ин фарҳанг ва тамаддун ҳастем ва бояд дар ин роҳ қадамҳои ҷасуронаи илмиву фарҳангӣ гузорем”, - тақозо дорад М. Муҳаммадҷонова. 
Дар сомонаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон то кунун як мақолаи Президенти нахустини он кишвар Ислом Каримов бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ дастрас аст, ки дар он гурӯҳе аз донишмандони тоҷик ва як-ду ҳамқавми хеш: ал-Хоразмӣ, Фарғонӣ, Ҷавҳарӣ, Марвазӣ, Улуғбек, Форобӣ, Бухорӣ, ат-Тирмизӣ, Марғилонӣ, Насафӣ, Берунӣ, Сино, Қошғарӣ, Юсуфи Ҳоҷиб, Замахшарӣ, Навоӣ, Бобур, Баҳодурхон, Огаҳиро мутафаккирони пешоҳанги ӯзбек гуфааст. 
Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳам дар як матлаб ал-Хоразмӣ, Абурайҳон Берунӣ ва Ибни Синоро олимони бузурги ӯзбек гуфта. Мутаассифона, ин ғаразпароканӣ то кунун идома дорад.
“Мо – тоҷикон ифтихор мекунем, ки чунин афродеро ба ҷаҳониён эъто кардем. Ва онҳое, ки даъвои ин бузургонро мекунанд, аз ин ҳам мо ифтихор мекунем, аммо ҳақиқат бояд ҳақиқат бошад. Ин ҳаққи ҳалоли моро набояд бегонагон аз худ кунанд”, - батакрор таъкид мекунад синошинос М.Махшулов ва меафзояд, вақти он расидааст, ки тоҷикон дар мусобиқаи ҷаҳонии фановарӣ, яъне технологияи муосир бори дигар нишон диҳанд, ки ворисони чунин мардони бузург ҳастанд. Ва аз ҳамин тариқ бори дигар исбот кунанд, ки тоҷик чуноне ки ҳазорон сол қабл буд, ҳанӯз ҳам равшангари зулмоти башар аст.
Ба андешаи мо, натиҷаи амали нодуруст ҳамеша баръакс аст. Зеро ҳар қасде, ки бидуни далелҳои илмӣ ва воқеиятҳои таърихӣ то гӯши мардумони огоҳ расонида мешавад, он ҳатто агар бо масрафи зиёд ва ҷалби сиёсатмадорону қаламбадастони шинохта тарҳрезӣ шуда бошад ҳам, дер ё зуд завол дар пай дорад.

(PS: “Хатлонфилм” бо коргардонии муаллифи мақола филми таҳлилӣ-тадқиқотии “Сино тоҷик мемонад”-ро таҳия кардан дорад. Он, ба эҳтимоли зиёд, имсол тавассути шабакаҳои телевизионии вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ манзури бинандаҳо шавад.)

Муродиён Зокир Ҳасан,
“Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”,
махсус барои рӯзномаи “Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода