Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мешавад?


Дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мешавад?




Сокинони Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ 15 рӯз истироҳат хоҳанд  кард.  Дар  ин  бора  аз  Федератсияи  иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон ба расонаҳо хабар доданд.

Ин моҳ шаҳрвандони кишвар бо таваҷҷуҳ ба ҷашнҳо, аз ҷумла, “Рӯзи модар”  ва  ҷашни  Наврӯз,  инчунин, бо  дар  назар  гирифтани  рӯзҳои ғайрикорӣ  15  рӯз  истироҳат  мекунанд.

Дар  асоси  Қонуни  кишвар  “Дар бораи  рӯзҳои  ид”,  агар  ҷашни  расмии  давлатӣ  ба  рӯзи  истироҳат (шанбе  ё  якшанбе)  рост  ояд,  пас, рӯзи кории баъдӣ низ рӯз истироҳат мешавад.

Ба ин тартиб, Рӯзи модар, ки дар кишвар 8 март таҷлил мешавад, ба рӯзи шанбе рост меояд, бинобар ин, сокинон рӯзҳои 8, 9 ва 10 март таътил хоҳанд дошт. Ҳамчунин, рӯзҳои расмии  истироҳат  дар  Наврӯз  21, 22,  23  ва  24  март  мебошанд.  Азбаски  22-23  март  рӯзҳои  шанбе  ва якшанбе  ҳастанд,  рӯзҳои  25  ва  26 март низ истироҳат хоҳад буд.

Ҳамин  тариқ,  нисфи  моҳи  март рӯзҳои истироҳатӣ хоҳад буд: 1, 2, 8, 9, 10, 15, 16, 21, 22, 23, 24, 25, 26,  29, 30 март.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода