Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Дӯстӣ: Вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ


Дӯстӣ: Вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ


 Корҳои бунёду азнавсозӣ дар боғи фарҳангӣфароғатии ноҳияи Дӯстӣ дар марҳилаи анҷомёбист. Тибқи иттилои масъулини бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия то имрӯз сохтмони дарвозаҳо, ороиши саҳни ҳавлӣ, роҳраву гулгаштҳо ва панҷараҳои замонавии атрофи боғ ба анҷом расида, дар марзҳои сарсабзи он гулу гулбуттаҳо ва ниҳолони нодири мевадиҳандаву ороишӣ шинонида шудааст

 Дар гӯшаи дигари боғ бунёд ва ороиши майдончаи варзишӣ ва маркази дилхушӣ ба анҷом расида, барои ба истифода супоридан омодаанд. Ба гуфтаи Ҷӯрабек Идибекзода, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ айни замон дар ҳудуди боғ бунёди Парчами давлатӣ ва азнавсозии Қасри фарҳангии ноҳия идома дошта, бинокорон тасмим гирифтаанд, ки то ҷашнвораи 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои сохтмониро ба итмом расонанд. Бинобар маълумоти манбаъ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 191 иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 180 -тои он сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар ин шабу рӯз корҳои сохтмонӣ дар биноҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, 2 кӯдакистони замонавӣ, 4 варзишгоҳ ва таъмиру азнавсозии терминали мусофирбарии ноҳия бо маром идома дорад. 

Дар асоси нақша - чорабиниҳо ин ҷашни фархунда дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ таъмиру азнавсозии 17 адад пул, сангфарш намудани 50 километр роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони 29 синфхонаҳои иловагӣ ва якчанд бунгоҳҳои тиббиву сехҳои дӯзандагӣ ҷараён дошта, барои иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотҳо садҳо нафар ҷавонони ноҳия ба корҳои сохтмонӣ ҷалб карда  шудаанд. 

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода