Ифтихори халқи ман – Соҳиб Табар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
Кист устоди сухан? - Соҳиб Табар.
Ҳаст моро ҳамватан Соҳиб Табар.
Шод бодо руҳи покаш, шод бод,
Буд зеби анҷуман Соҳиб Табар.
Зинда дорад илму ирфонаш варо,
Дар сухан буд Таҳамтан Соҳиб Табар.
Обурӯву ҳурмати бисёр дошт,
Байни аҳли илму фан Соҳиб Табар.
Хоксору мушфиқу ғамхор буд,
Баҳри халқи хештан Соҳиб Табар.
Буд марде нуктадону нуктасанҷ,
Балки дарёи сухан Соҳиб Табар.
Бо ту мефахрем дар ҳар маҳфиле,
Ифтихори халқи ман Соҳиб Табар.
Ёдгорӣ мондаӣ номи накӯ,
Зодаи мулки куҳан Соҳиб Табар.
Номи ту бо эҳтиром ояд мудом
Дар забони марду зан Соҳиб Табар.
Мисли ту ҳаргиз надидам дар ҷаҳон,
Марди бо фазлу сухан Соҳиб Табар.
Дӯст доремат ҳама хурду калон,
Ҳаст то ҷон дар бадан, Соҳиб Табар.
Ҷумъахони БОБОЗОДА
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...