КОНСТИТУТСИЯ - МУАРРИФНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 62
Мавқеъ ва ҳадафи ҳар давлату миллат дар Конститутсияи он ифода ёфтааст. Тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Точикистон кишвари демократӣ ва дунявӣ мебошад, ки чунин низоми ҷомеадорӣ барои ҳифзи гуногунранги фарҳангӣ ва ҳамзистии одамон мусоид аст.
Ба ин далел дар мамлакати мо намояндагони халқу миллатҳои гуногун бо расму оин ва ҷаҳонбинии мазҳабию динии ба худ хос зиндагии осоишта доранд.
«Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал тадбиқ мекунад ва ташвиқоти ҷанг манъ аст». Ин ду меъёри ҳаммаъно, ки мавқеи инсондӯстона доштани давлату миллати моро ифода мекунад, барои ман ҳисси ифтихор меорад. Дар асл мо миллати накӯкор ва сулҳдӯст ҳастем.
Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ волоият дорад ва сарчашмаи қонунҳо ба ҳисоб рафта, меъёрҳои он хусусияти муқарраркунӣ, манъкунӣ ва ҳаволакунӣ доранд.
Аз ҳама муҳим Конститутсия ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро арзиши олӣ эътироф кардааст. Конститутсияи мо бо инсонпарварии худ камназир мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар нафари мо ҳуқуқи маънавӣ дорем, ки бо Конститутсияи худ фахр кунем.
Саидҷаъфар САФАРЗОДА,
рӯзноманигор
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...