ТОҶИКИСТОН ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ ВА ҲУҚУҚБУНЁД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 125
Қабули Конститутсия дар соли 1994 ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Дар чунин шароит дар назди кишвари соҳибистиқлоли ҷавони мо ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳалли вазифаҳои муҳими ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, хотима додан ба нооромиҳои сиёсӣ, ба вуҷуд овардани заминаи зарурии ҳуқуқӣ ва ниҳоят, ба ҳаёти осоишта баргардонидани тамоми мардум қарор дошт, ки ба таври мусбӣ бартараф намудани онҳо ба назари мо, танҳо дар сурати ҳар чӣ зудтар таҳия ва қабули қонуни асосии давлат - Конститутсия имконпазир буд.
Ҳамзамон, дар баробари ин роҳи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтан ҳанӯз интиҳои кор ба ҳисоб намерафт, инчунин муқаррароти конститутсионии махсус зарур буд, ки он бояд барои ба ҳаёти осоишта баргардонидани мардум, оғоз бахшидан ба раванди созандагӣ ва бунёдкорӣ, муттаҳид намудани мардум дар атрофи роҳбарияти олии си-ёсии кишвар, умед ва боварӣ ҳосил намудани мар-дум ба зиндагии фардои пурсаодат ва умуман ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин таъмини тараққиёти тамоми соҳаҳо ва бахшҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамчун давлати воҳид мусоидат намояд.
Маълум аст, ки эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёдро бидуни ба вуҷуд овардани заминаи муайяни зарурии ҳуқуқӣ, ки пойдевори чунин давлатро ташкил медиҳад, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, пас аз қабули Конститутсия ва дар ҳамин замина, интихоби роҳи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зарур буд, ки қонунҳои нав қабул карда шавад, онҳо бо дарназардошти талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода шаванд ва дар ҳамин асос, барои бунёди давлати нав – давлати демократию ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим омад. Воқеан ҳам, Конститутсияи кишвари мо ба руш-ду тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ноил гардидан ба эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд шаро-ит ва имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст, ки принсипҳои муҳимтарини онҳо озодии иқтисодӣ ва гуногуншаклии моликият, эътироф ва ҳимояи бечунучарои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният ва характери демократии ҳокимият, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, озодии сухан ва матбуот, мустақилияти воситаҳои ахбори омма, дахолат накардани давлат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, уҳдадориҳо ва масъулияти байниҳамдигарии онҳо ба ҳисоб мераванд.
Ҳамин тавр, интихоби роҳи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки бо иродаи кулли мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шуда буд, исбот намуд, ки чунин роҳи интихоб дуруст ва санҷидашуда мебошад.
Маҳз, бо шарофати роҳи интихоби эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, истиқлоли давлатӣ ҳамчун падидаи нодир дар таърихи мардуми мо ҳифз гардид, аркони давлатдорӣ эҳё ва мустаҳкам карда шуд, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии имрӯза ва ояндаи давлат муайян ва мушаххас гардид, ба раванди созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз бахшида шуд, барои расидан ба сатҳи шоистаи зиндагии мардум қадамҳои устувор гузошта шуд ва ниҳоят дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид, ки онҳо аз меъёр ва муқаррароти Конститутсияи амалкунандаи кишварамон сарчашма гирифта, умеди ҳар як сокини мам-лакати моро фардои пурсаодат боз ҳам равшантар ва мунаввартар мегардонад.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...