Рӯзи эҳтиром ба меҳтарон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 октябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 179
Бо ибтикори китобхонаи МДБТМУ РТ «Мактаби миёнаи умумии дар шаҳри Бохтар ба номи М.В. Ломоносов» бахшида ба Рӯзи пиронсолон маҳфили эҷодӣ баргузор гардид.
Ба ҳайси меҳмон бобою бибиҳои хонандагони ин муассиса иштирок доштанд. Намоиши мусаввараҳои офаридаи рассоми чирадаст ва бобои 3 хонандаи муассиса - Ринат Додомирзоев чорабиниро оғоз бахшид.
«Насли калонсол – бобою бибиҳои азизамон ҳамеша раҳнамои фарзандону наберагонанд. Ҳаёту зиндагии онҳо ибратомӯз, раҳкушою раҳнамо мебошанд. Аз ин рӯ, арҷ гузоштан ба хизматҳои онҳо бароямон қарз аст», - гуфт Сайёра Абдураҳимова, китобдор ва ташкилотчии ин чорабинӣ.
Людмила Хоҷаева, раиси Маркази фарҳангию маърифатии аҳолии русзабони шаҳри Бохтар, қайд кард, ки «мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки давлат ба калонсолон ғамхорӣ зоҳир менамояд ва сокинонаш ба онҳо эҳтиром мегузоранд. Бовар кунед, дар ягон гӯшаи ҷаҳон чунин нест. Бубинед, дар Тоҷикистони мо шумораи бошандагони хонаҳои пиронсолон ангуштшуморанд ва аксарияти онҳо низ ғайритоҷиканд. Ман бо Тоҷикистон ва бо миллати тоҷик ифтихор дорам».
Дар маҳфил хонандагони синфи 8«А»бо суруду шеърҳои табрикӣ баромад карда, туҳфаҳои худро тақдими меҳтарон карданд.
Д. ИБОДУЛЛОЗОДА,
«Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...