Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Бача азиз аст, одобаш аз он азизтар


Бача азиз аст, одобаш аз он азизтар




Фарзанд  барои  ҳар  як  падару  модар  азиз асту  ширин.  Яке  фарзандро  хуб  тарбия  мекунаду  дигаре  эрка.  Тарбияи  дуруст  фарзандро  баодоб  ба  камол  мерасонад.  Падару  модарро  эҳтиром  карда,  дар  зиндагӣ  дастёру дар  пирӣ  асои  дасташон  мегардад.  Волидоне,  ки  дар  тарбияи  фарзанд  бепарвоӣ  зоҳир намуда,  онҳоро  аз  хурдсолӣ  эрка  тарбия кардаанд,эҳтироми  фарзандро  намебинанд, дар  ҷомеа  низ  бадном  мешаванд,  мардум  аз онҳо  дурӣ  меҷӯяд.  Хулоса,  бачаи  эрка  балои ҷонашон шуда мемонад.

Дар ин масъала чанд мушоҳидаи хешро аз ду давра-гузаштаю ҳозира, рӯйи коғаз меорем.

ИМРӮЗ:

Зиндагии  деҳот  аз  шаҳр  хеле  фарқ  мекунад.  Дар деҳот ҳар як оила қалъаи худ –ҳавлию хонаи заминиро дорост. Зиндагии онҳо паси девор мегузарад, чӣ гапҳое мешавад, дар ҳавлӣ мемонад. Яъне, гапи хона ба кӯча намебарояд. Махсусан дар тарбия ва одоби фарзандон.

Дар  шаҳр  чӣ?  Шаҳрнишинӣ  қонуну  қоида  ва  маърифати  худро  дорад.  Дар  ҳар  як  бинои  баландошёна  (аз чорқабата сар карда) беш аз 60 оила ва аз он ҳам зиёдтар сукунат дошта, барои бозии бачаҳо як ҳавлӣ (майдонча) мавҷуд асту халос. Махсусан шомгоҳон он ҷо “бозор”-и парандаҳоро мемонад. Истиқоматкунандагонаш аз ҳама гӯшаю каноранду ба якдигар ношинос.

Дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) низ зиндагӣ бо чунин тарз ҷараён ёфт. Баробари таъсис ёфтани вилояти Хатлон мардуми зиёд ба шаҳр кӯчида омаданд. Ҳар як со-кин одобу ахлоқ, хислат ва рафтору гуфтори худро дошт.
 
Баъзеҳо (мардҳо) дар кунҷи ҳуҷра нишаста, ба ҳавлӣ намебаромаданд, нафарони дигар бошанд, баръакс аз дохили ҳуҷра “гурехта”, рӯйи ҳавлӣ мебаромаданд. Бачаҳои шӯх ба якдигар зуд унс гирифта, бозӣ мекарданд. Баъзан ҷанг карда, қаҳрӣ ҳам мешуданд ва зуд, мисли аввала, бо ҳам «ҷӯра» мешуданд. Калонсолон ба бозии онҳо ҳамроҳ нашуда, фарзанди худро тарафдорӣ намекарданд. Кӯдак бозӣ  мекунад,  ҷанг  карда,  лат  мехӯрад  ва  боз  фурсате нагузашта оштӣ мешавад...

Ба бинои мо оилаи ҷавоне пайдо шуд. Зану шавҳар як писарчаи 5-сола доштанд. Бача эркаю беодоб буд ва муҳити  ороми  дигар  бачаҳоро  халалдор мекард.  Падар  тарафи  яккаписарашро гирифта, ӯро шерак мекард, ки бачаҳоро зада,  тарсу  намояд.  Вақте  ки  раис (домком)-и  хона  ҷавонро  насиҳат  намуд, ки тарафгирии фарзанд бар зарари худи бача  мешавад,  ӯ  якбора  мисли  ҳезуми хушк даргирифт ва ба домком даст ба ги-ребош шуд.-Бачаи  маро  насиҳат  мекардагӣ  ҳоло аз модараш таваллуд нашудааст,- мегуфт ҷавон.

-Навдаи  дарахтро  дар  тариаш  қатъ карда мешавад. Вақте ки он хушк шуд, мешиканад.  Тарбияи  фарзанд  низ  ҳаминро мемонад,  фурсати  тарбияро  аз  даст мадеҳ,  пас  дер  мешаваду  пушаймонӣ меоварад,-таъкид кард домком.

-Инаш  “проблема”-и  ман  аст,  ту  фарзандони  худро  насиҳат  кун,-посух  дод Як бегоҳ ҳамсоя маърака дошт ва ҳамсояҳоро хонааш даъват намуд. Ҷавон низ даъватӣ буд, бо писарчааш омад. Бачаи шӯху бетоқат рӯйи дастурхон  “шикор”  карда,  шириниҳои  гуногунро  мегирифт.  Аз  назди  меҳмонон-калонсолон низ  гоҳе  пиёлаи  чойро  гирифта  менӯшиду  ба тибқи таом даст мезад. 

Гоҳи  дигар  бехотир  аз  ҷой  хеста,  болои  дастурхон  аз  пеши  нишастагон  мегузашт  ва  ба  кӯча  мебаромад,  бо  ҳамин 
тарз назди падар меомад. Ҷавон кисаҳои бачаро аз шириниву мағзу чағз пур карда, мевагӣ-банану  себу  ноку  анор  медод  ва таъкид  мекард,  онҳоро  ба  модараш  ба-рад. Соҳибхона ва ҳамсояҳо одобро нигоҳ дошта,  ба  даҳон  қуфли  хомӯшӣ  заданд. Минбаъд  ҷавони  беодоб  ба  маъракаи ҳамсояҳо даъват намешуд...


Чизи  дигар.  Дар  баъзе  одамон  одати  баде  пайдо  шуд.  Меҳмонон  зиёфатиҳамсояро  хӯрда,  ризқи  кӯдаконашонро низ  мегирифтанд.  Яъне  болои  дастурхонро  нимхолӣ  карда,  неъматҳои  дар  он гузоштаро гирифта, киса пур менамуданд. Ин амал хушоянд набуд... 

ДИРӮЗ:

Баъзан чунин беодобиҳоро мушоҳида карда, беихтиёр давраи шуравӣ ёдам меояд. Оилаҳо зиндагии рангину ибратбахш доштанд.  Махсусан  ба  одобу  рафтори фарзандон  таваҷҷуҳ  зоҳир  мегардид.  Ман боре ҳам надидаам, ки падар ё модар кӯдаки хурдсоли худро ба ягон маъракаи даъватшудааш бурда бошад. Ҳатто ба маъракаи тӯй.

Оши наҳор дар ҳавлии биноҳои баландошёна мегузашт. Соҳиби маърака кату мизҳо гузошта,  меҳмононро  қабул  менамуд.  Суҳбати онҳо ширину гуворо ва батартибу баодобона мегузашт.  Дар  чунин  суҳбатҳо,  албатта,  аз тарбияи фарзандон, маърифати ҳамсоядорӣ сухан мерафт. Зеро онҳо зери як бом, чун як оилаи бузург аҳлона зиндагӣ карда, дар шодию мусибати якдигар шарик буданд.Ёдовар мешавам, ки кӯдакон ба ҷойи баргузории маърака наздик намешуданд. Ин ҳама аз тарбияи падару модар, оила ва калонсолон гувоҳӣ медод.

Дар ин росто қиссаи дигареро нақл меку-нам. Дар ҳамсояхона оилае (модар бо писари 25-солааш)  зиндагӣ  мекард.  Зан  аз  шавҳар ҷудо шудаю писар бо падар мезисту ду-се рӯз ҳамроҳи  модар  буд.  Фарзанд  кӯчагард  шуд. Бо гурӯҳҳои бадахлоқ якҷо гашта, майнӯширо ихтиёр  кард.  Гоҳо  сархуш  шуда,  поси  шаб дари ҳамсояҳоро мекуфт, онҳоро нороҳат намуда,  аз  хоб  бедор  мекард.  Ин,  албатта,  аз рӯи  маърифати  шаҳрнишинӣ  набуд.  Ҷавон, ҳамчунин даст ба дуздӣ зада, дар қайди нозири минтақавӣ гузошта шуд. Ин амал боиси коҳиш  ёфтани  обрӯи  маҳалла  гардид.  Раиси маҳалла  бо  чанде  аз  бузургсолони  хона  бо модар  ва  ҷавон  вохӯрда,  ҷавонро  ба  роҳи рост  ҳидоят  намуданд.  Ин  амали  саривақтӣ ҷавонро аз роҳи бад баргардонид ва ӯ зиндагии хешро аз варақи тоза оғоз намуд...

P.S. Хонандаи гиромӣ! Мушоҳидаҳои ду даврро рӯйи коғаз овардем. Ин ба он хотир  аст,  ки  дар  риояи  маърифати  шаҳрнишинӣ маслиҳатгари якдигар бо-шему  бетарафиро  ихтиёр  нанамоем.  Зеро  ҷомаи  бомаслиҳат  кӯтоҳ  намео-яд. Шумо дар ин хусус чӣ ақида доред?

С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода