Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Асосан ин номи зебои тоҷикӣ Барбар қариб, ки дар ҳамаи ноҳияҳои кӯҳсори Тоҷикистон талаффуз мешавад ва арзи ҳастӣ дорад. Мафҳуми ин ном, яъне ба поёни теппакӯҳҳо, қад-қади соҳилҳо рафтуомадро нишон медиҳад. Дар ин барбарҳо одамон ҷойи зист интихоб намуда, худро аз обхезиҳои вазнин ва аз душманон муҳофизат мекарданд.
Ба бостоншиносон ва таърихшиносон маълум аст, ки сарзамини фархориён аз асрҳои II-I-и пеш аз мелод арзи ҳастӣ дошта, истилои юнониён, муғулон ва араб аз сар гузаронидааст.
Ҳатто ин калимаи зебои тоҷикӣ-барбар ба давлатҳои Аврупо рафта расидааст. Яъне юнониён баъди шикаст хӯрданашон ин номро бо худ мебаранд. Ашрофзодаҳо ҳамсар ва духтаронашонро барои ин номи зебо будан, бо иловаи номҳои миллаташон, масалан Санта-барбара, Мариф-барбара, Хосе бар-бара то имрӯзҳо номгузорӣ мекунанд.
Аз мавқеи ҷуғрофӣ дар асрҳои гузашта ҳудуди сарзамини фархориён аз қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш то Қундуз ва аз қаторкӯҳҳои Қаратоғ (Сиёҳкӯҳ) кӯҳи намаки Хоҷамуъмин то мавзеи Уртабуз, бо панҷ шохоби дарёи Панҷ, ки Амударёро ташкил мекунад, ҳисобида мешудааст.
Соли 1950, вақте ки моро аз собиқ ноҳияи Балҷувон ба деҳаи Қалъаи Пуштқоқи ноҳияи Фархор муҳоҷир карда оварданд, калонсолони муқимии ин деҳа, ки асосан ӯзбекҳо ва ҳазораҳо буданд, ба мо мегуфтанд, ки ин деҳа номи гузаштааш шаҳри Барбари Тоҷикистон будааст.
Мо бошем, ин номро афсона мешуморидем. Яъне, баъди обхезиҳои вазнини ин деҳа бо қалъааш номи Пуштаи қоқро ба худ мегирад. Баландии ин қалъа 60 метр, майдони умумиаш 6,0 гектар мебошад.
Дар китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи кӣ буани ин қавм, миллат, чӣ тавр худро муҳофизат карданашон бо номи барбариён, ҳатто дар ҷангҳо филҳоро истифода бурданашон ишораҳо шудааст.
Дар “Тоҷикон” гарчанде барбариён дар он қавми ҷангӣ сархат омада бошанд ҳам, барои мо-таърихшиносон басанда аст, ки дар ин сарзамин чунин шаҳр дар қадим, яъне шаҳри Барбар арзи ҳастӣ доштааст. Ба гуфтаи калонсолон далели дигар ин ки дар вақти ҳамвор кардани қалъаи бузург, барои кишти пахта соли 1969 бостоншиноси шинохтаи тоҷик Эркиной Ғуломова аз ин хабардор шуда, ба назди булдозерчиён омада, корро манъ кардааст ва ба онҳо фаҳмонидааст, ки шумо шаҳри Барбари тоҷиконро нест карда истодаед.
Ин номро ҳатто таърихшиносони Тахори Афғонистон медонистанд, ки шаҳри Барбари қадима ғанимат ба фархориёни дар он тарафи дарё мондааст. Аммо бостоншиносон ва таърихшиносони мо хомӯшанд. Ба ҷойи номҳои зебои таърихиро кофта ёфтан, бояд ривоятҳои мардумиро низ ба эътибор гиранд.
Ин сарзамини бузург, яъне мо ба насли ояндаамон ду кӯзачаи кулолии шикаста боқӣ мемонему халос. Хуб мешуд, ки номи зебои тоҷикии Барбар дар ватанаш, яъне Фархорзамин эҳё гардад.
Зайнулло Раҷабалиев,
узви ИЖТ,
барои рӯзномаи «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.