Варзишгоҳҳои «Равшан» ва «Ҳосилот» барои мавсими имсола омодаанд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 феврал, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 394
Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов бо корҳои омодагии дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум ба мавсими нави футбол шинос мешавад, - хабар медиҳад дафтари матбуотии Федератсисияи футболи Тоҷикистон.
Гурӯҳи кории ФФТ аз бошгоҳҳои «Равшан» (Кӯлоб) ва «Ҳосилот» (Фархор) дидан намуда, бо корҳои омодагии онҳо ба мавсими соли 2023 шинос шуд.
«Равшан»-и Кӯлоб имсол барои чаҳорумин бор дар таърихи худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард. Даста аллакай варзишгоҳро ба мавсими нав омода карда истодааст. Роҳбарияти «Равшан» тасмим гирифт, ки бозиҳои хонагии худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023 дар Кӯлоб баргузор кунад. Аммо дар ҳоли ҳозир Варзишгоҳи марказии Кӯлоб ба меъёрҳои зарурии баргузории бозиҳо таҳти сарпарастии КФО ҷавобгӯ нест. Роҳбарияти бошгоҳ ба гурӯҳи кории комиссия ваъда дод, ки камбудиҳо дар варзишгоҳи Кӯлоб бартараф карда мешаванд.
Комиссияи ФФТ ҳамчунин аз бошгоҳи футболи «Ҳосилот», ки пас аз танаффуси панҷсола ба лигаи олӣ баргашт, дидан кард. Гурӯҳи корӣ бо вазъи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор шинос шуд, ки дар инҷо ҳанӯз корҳои аграрӣ бо суръати суст ҷараён доранд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи боздид комиссия барои бартараф кардани камбудиҳо ба дастаҳои «Равшан» ва «Ҳосилот» то оғози мавсими нав муҳлат дод.
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...