Рӯзномаи Хатлон » Ҳайати эҷодӣ » Маҳкамова Дилором, мушовир


Маҳкамова Дилором, мушовир


Маҳкамова Дилором Юнусовна 12. 10. 1961, ш. Бохтар, рӯзноманигор, номзади илмҳои филологӣ (2012), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2015), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2017). Таҳсил дар МТМУ-и № 4-и ш. Бохтар (1968–1978).

Хатмкардаи факултети филологияи УДТ ба номи Владимр Илич Ленин (ҳоло ДМТ) бо дипломи аъло (1983). Котиби комитети комсомолии Омӯзишгоҳи тиббии н. Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён, 1983–1986), муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №2-и н. Коммунистӣ (1986–1993), омӯзгори «Кафедраи забони тоҷикӣ»(1994–2004), омӯзгор (2012–2015) ва мудири (2012–2015) «Кафедраи рӯзноманигорӣ», декани факултети филологияи тоҷик (2015 – 2016), ходими калони илмии (2016–2017), мудири «Кафедраи рӯзноманигорӣ» (2017-2021)-и ДДБ ба номи Носири Хусрав.

Дар мавзӯи «Инъикоси муқовимати сиёсӣ ва раванди сулҳофарии тоҷикон дар публитсистикаи китобии сиёсии тоҷик» рисолаи номзадӣ (2012) ҳимоя кардааст.

 Узви ИЖ Тоҷикистон (аз соли 1982), Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Дар идораи рӯзномаи "Хатлон" аз соли 2022 ба ҳайси мушовир фаъолият дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода