РУСТАМШО Ҷаҳонгир, хабарнигор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 октябр, Бахш: Ҳайати эҷодӣ, Боздид 1 029
РУСТАМШО Ҷаҳонгир Рустамшо санаи 18.05.1988 дар деҳаи Чойлобкамари ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар хонадони зиёӣ таваллуд шудааст. Забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Хатмкардаи шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2011) мебошад. Таҳсил дар МТМУ №49 ва № 5-и ноҳия (1995-2006), донишҷӯ (2006-2011), ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2011-2014), мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи ДДК ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ (2014-2015), мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2015-2016).
Аз сентябри соли 2016 то ҳол сармуҳаррири нашрияи донишгоҳ — рӯзномаи “Анвори дониш” мебошад. Дар мавзӯи «Антропонимҳои «Ҳазору як шаб» (ҷанбаи забоншиносӣ) 22.05.2018 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Муаллифи як дастури таълимӣ, 18 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 200 мақолаи публитлистӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон.
Аз соли 2022 хабарнигори рӯзномаи "Хатлон" дар минтақаи Кӯлоб.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00