Исматулло ҲАСАНОВ (Исматуллои Гули ОЛИМ), мусаҳҳеҳ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 феврал, Бахш: Ҳайати эҷодӣ, Боздид 1 015
Соли 1955 дар деҳаи Гулобод (пешина ба номи Калинин), деҳоти Арал, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи деҳаро соли 1972 хатм намудааст.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Шевченко (ҳозира ба номи Садриддин Айнӣ)-ро хатм кардааст. Солҳои 1977-1982 муаллими мактаб шуда кор кардааст. Оғоз аз соли 1985 ба кори матбуот мепайвандад. Дар рӯзномаи ноҳиявии “Ба пеш” (“Баҳористон”), телевизиони вилоятии Хатлон, рӯзномаи вилоятии “Хатлон” фаъолият кардааст. Айни корманди рӯзномаи вилоятии “Хатлон” мебошад.
Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон. Аз соли 1984 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.