Ҳангомаи ИСМАТ (Гесу), мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 феврал, Бахш: Ҳайати эҷодӣ, Боздид 824
Соли 1984 дар деҳаи Зидеҳи ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) хатм кардааст.
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабакаи якуми радиои Тоҷикистон ва радиои “Садои Душанбе”, нашрияи “Зиндагӣ” ҳамкорӣ мекард. Соли 2006 донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, аз моҳи июни соли 2006 то соли 2007-ум дар нашрияи ҷамъиятии “Бомдод” ба унвони хабарнигор фаъолият намуд ва баъдтар бо нашрияи “Ҳамрози халқ” ҳамкорӣ дошт.
Аз соли 2011-ум дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ба ҳайси мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунар фаъолият дорад.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз соли 2007), Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, ғолиби озмуни вилоятии «Неруи сухан-2017» аст.