Фаромӯз БОБОЕВ, муовини сармуҳаррир
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 октябр, Бахш: Ҳайати эҷодӣ, Боздид 1 206
Соли 1995 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таваллуд шудааст. Солҳои 2013-2017 дар шуъбаи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил кардааст. Соли 2019-ум дорои дипломи дараҷаи магистри илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси журналистика гардидааст.
Фаъолияти кории худро ба ҳайси хабарнигори ҷамоавӣ, мухбири шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори оммаи идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” оғоз намудааст. Солҳои 2016 – 2019 мудири шуъбаи ҷавонон ва варзиш, мудири шуъбаи ҳокимияти давлатии рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ва аз январи соли 2019 то моҳи август ба ҳайси муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Набзи Бохтар» ифои вазифа намудааст.
Аз моҳи сентябри соли 2019 то соли 2021 ба ҳайси омӯзгори кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият намудааст.
Аз моҳи августи соли 2021 то ҳол вазифаи ҷонишини сармуҳаррири идораи рӯзномаи “Хатлон”-ро ба дӯш дорад.
Узви ИЖТ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Воҳид Асрорӣ мебошад.