Дар як сатр
» » Номи 4 ноҳияи вилоят тағйир хоҳад ёфт

Номи 4 ноҳияи вилоят тағйир хоҳад ёфт

3-02-2016, 11:54

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйир додани номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва объектҳои ҷуғрофии мамлакат ба имзо расида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Номи 4 ноҳияи вилоят тағйир хоҳад ёфт
Тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия шуда, ба имзо расидааст, номҳои як қатор шаҳру ноҳияҳо ба таври зайл иваз мешаванд: ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ноҳияи Ҷиликӯл – ноҳияи Дӯстӣ, ноҳияи Қумсангир – ноҳияи Ҷайҳун, ноҳияи Шӯрообод – ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.

Ҳадаф аз тағйири номи ин ноҳияҳо амалӣ намудани дархосту пешниҳод ва ормонҳои ватандӯстонаи мардум доир ба барқарор намудани асолати таърихии номҳо, тарғибу ташвиқи анъанаҳои волои миллӣ, ба назар гирифтани хосиятҳои маҳалҳои ҷойгиршавӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии аҳолӣ ва хусусан бедор намудани хотираи таърихии насли ҷавону навраси кишвар аз фарҳангу тамаддуни пурғановати ниёгон ва давлатсозии муосири миллати бостонию созандаи тоҷик аст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Сиёсат, Хабарҳо, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Қабодиён» табдили ном кард

«Қабодиён» табдили ном кард

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА